logo

номаҳо

ДАСТАҶАМЪОНА ДУО КАРДЕМ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизамон Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба тараққиёт ва дастовардҳои бузурге дар соҳаҳои мухталиф ноил гардида, ки ин ҳама маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Натиҷаи ҳамин сиёсати дуруст ва хирадмандона аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистонро бо унвони як давлати мустақил ва ташаббускор дар тамоми олам мешиносанд ва эътироф менамоянд, ки боиси ифтихори тамоми сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумлаи дастовардҳо озодии виҷдони шаҳрвандон аст. Ҳамасола ҳазорон шаҳр-ванди кишварамон ба сафари ҳаҷ мераванд. Соли ҷорӣ аз ҷумҳурии маҳбуби мо зиёда аз 6 ҳазор нафар сафари ҳаҷ намуду зиёрати Каъбатуллоҳ насибашон  гашт.
Шукронаи сулҳу субот ва оромии кишварамон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки барои  зоирони тоҷик тамоми шароит-ро фароҳам сохтаанд. Баъзе аз ҳоҷиёни кишварҳои дигар дар кӯчаву хиёбонҳо ва канори роҳҳо ва дар шароити бисёр душвор қарор доштанд. Аммо ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои беҳтарин ва ба Каъба наз-диктарин ҷой дода шуда буданд.
Дар мавсими «Ҳаҷ – 2018» ба ҳоҷиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зумра ҷавонони забондону хушсалиқа, хушрафтору хушгуфтор роҳбаладӣ намуданд. Бо кумаку дастгирии ин ҷавонон ҳамаи аркони ҳаҷро ба пуррагӣ иҷро намудем. Аҳсан ба он роҳбарон ва мутасаддиёне, ки чунин ҷавонони арзандаро барои мо роҳбалад интихоб намуданд.
Мо - тамоми ҳоҷиёни Тоҷикистон дар маконҳо ва мавзеъҳои муқаддас дар ҳаққи давлату миллат ва Сарвари шоистаи он барои ободиву осудагии кишвар ва пойдории сулҳу субот дастаҷамъона  дуои  хайр  намудем.
Мо ҳамеша тарафдор ва тарғибгари сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  шукронаи сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвари азизамонро намуда, барои рушди боз ҳам бештари мамлакат тамоми саъю кӯшиши  худро равона месозем.
Абдуллоҷон Пӯлодов,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2018    №: 192    Мутолиа карданд: 77

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед