logo

энергетика

Номгӯй ва рамзҳои лампаҳои барқии тафсон тибқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст

Рамзҳо                                   Лампаҳои барқии тафсон
853921                                   -галогенӣ бо сими волфрамӣ
(ғайр аз: 853921300)          -барои мотосиклҳо ё дигар воситаҳои нақлиёти муҳаррикдор
853922                                   -дигарҳо, бо қувватнокии на зиёда аз 200 Вт ва бо шиддатнокии зиёда аз 100 Вт
853929                                   -дигарҳо
(ғайр аз: 853929300           -барои мотосиклҳо ё дигар воситаҳои нақлиёти муҳаррикдор

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2009, № 626 «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати  дақиқ  намудани номгӯй  ва  рамзҳои лампаҳои барқии тафсон, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, шарҳ медиҳад.
Муқаррароти қарори мазкур, фурӯши лампаҳои барқии тафсонеро, ки дар номгӯй ва рамзҳои лампаҳои барқии тафсон тибқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нишон дода шудааст, манъ мекунад.
Дар ин раванд, ба маълумоти кулли истифодабарандагон, аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, ташкилот ва муассисаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият расонида мешавад, ки воридот ва фурӯши чунин намуд, номгӯй ва рамзҳои лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:
-лампаҳои барқии тафсони қувватнокиашон зиёда аз 12 Вт, ки дорои спирали тафсонанда (гармшаванда) мебошанд;
-талаботи мазкур барои ворид ва фурӯши лампаҳои барқии тафсони қувватнокиашон зиёда аз 12 Вт, ки ҳамчун қисми таркибии таҷҳизоти технологӣ ё махсусан барои соҳаҳои тахассусӣ (тиббӣ, озмоишӣ, синамоӣ ва ғайраҳо аз ҷумла лампаҳои ултрабунафш, инфрасурх, камонӣ, герметикӣ ва диодӣ) истифода мешаванд, татбиқ намегардад;
-дар номгӯи тасдиқшуда мумкин аст тибқи муроҷиати асосноки корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳот ва иловаҳо ворид карда шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 814

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед