logo

иқтисод

НОҲИЯИ СИНО. ДАР БОРАИ ОМОДАГИҲО БА ФАСЛИ САРМО

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 3 майи соли 2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимис-тони солҳои 2018 - 2019» корҳои омодагӣ вусъат мегиранд.
Сафар Олимов, муовини якуми раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки дар мавсими  тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 дар ноҳия 850 иншоот, аз ҷумла 756 бинои истиқоматӣ, 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30 муассисаи таълимии томактабӣ, 14 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 24 корхона ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия, бо гармии мутамарказ пайваст гардиданд. Дар ҳар биною иншоот санҷишҳои гидравликӣ гузаронда, барои ҳар як иншооти ба гармигузаронӣ омода шиноснома дода мешавад. Ба наздикӣ барои қабули неруи гармӣ дар ҳудуди ноҳия боз 50 иншоот берун аз нақша зам шуд ва теъдоди иншооти ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст ба 900 расид.
Мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019  сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ, васли трансформаторҳо, ҳамчунин, иваз намудани трансформаторҳои камиқтидор ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд  ва симчӯбҳои фарсударо ба анҷом расонданд.
Аз ҷониби муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил» - и ноҳия дар биноҳои истиқоматии баландошёна таъмири бомҳо 170 дарсад, таъмир ва барқароркунии дарҳои даромадгоҳҳо 83,3 дарсад, шишабандӣ 87 дарсад, захираи ангишт ва захираи ҳезум 74 дарсад иҷро шудаанд. Таъмиру ивазкунии лулаҳои оби нӯшокӣ ва гармӣ идома дорад.
- Дар иншооти муҳандисии ҳаётан муҳим ва идораҳои коммуналии ноҳия корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 мувофиқ ба нақшаи корӣ иҷро мешаванд. Камбудии асосӣ кам захира шудани ангишт ва ҳезум аст, ки онро низ рӯзҳои наздик бартараф мекунем, - гуфт Сафар Олимов.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 129

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед