logo

иҷтимоиёт

САЙЁҲӢ. КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сайёҳии байналмилалӣ – омили рушди устувор» конфронси илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сафоратхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, шарикони рушд ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳии донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок ва роҷеъ ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳа, зарурати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои муҳими соҳа мулоҳизаронӣ намуданд. 
Нуъмон Абдуғаффорзода,  раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз дошт, ки   маҳз ба шарофати сиёсати  созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  захира ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардида, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳои нави ҷалби сайёҳонро таҳия ва пешниҳод мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳашт моҳи соли равон беш аз 60 ширкати сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардид. Дар маҷмӯъ бошад, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 140 - то расид.
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, зикр намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020 қабул гардида, бо мақсади ривоҷу равнақи инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе шӯро оид ба рушди сайёҳӣ таъсис дода мешавад.
Зимни конфронс иштирокчиён, ҳамчунин, вобаста ба ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари таблиғотию иттилоотӣ барои пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори берунаи хизматрасонӣ андешаронӣ намуданд.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 122

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед