иқтисод
МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ ҲАНӮЗ ҲАМ БА БОЗОР РОҲ МЕЁБАД, ЧАРО?
Сарфи назар аз корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳоло ҳам бо айби бархе аз соҳибкорон, ки манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд, ба бозор маҳсулоти пастсифат ва ба талаботу меъёрҳои стандартӣ номувофиқ ворид мешаванд. Дар робита ба ин масъала соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз воридоту фурӯши маҳсулоти пастсифату ба саломатии аҳли ҷомеа зарарнок изҳори нигаронӣ намуда, барои андешидани тадбири мушаххасу муассир ба мутасаддиён дастурҳои қатъӣ доданд.
Мутахассисони маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вилоят зимни гузарондани санҷиши муштарак дар назди бозори “Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд, хонаи 104, кӯчаи Муҳиддин Аминзода, ки ба шаҳрванд Дадохон Авезов тааллуқ дорад, ба бозор баровардани маҳсулоти пастсифатро ошкор карданд. Санҷиш аён сохт, ки Дадохон Авезов бо аҳли оилааш бе ягон ҳуҷҷати мақомоти андоз ва бе иҷозати мақомоти дигари назоратӣ хеле вақт боз дар ҳавлии истиқоматии худ ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифати гӯштӣ аз каллаву поча ва дигар узвҳои дарунии чорвои калон машғул буд. Ӯ ин маҳсулотро ба миқдори зиёд дар шароити ғайрисанитарӣ тайёр карда, барои омодасозии санбӯсаву сихкабоб ва таомҳои дигар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе интиқол медод. Тавре манбаъ мегӯяд, тарзи ғайрисанитарии омода кардани гӯшт ва нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ ҳоли ҳузнангез дошт ва бӯйи ғализи маҳсулоти гӯштӣ атрофро пахш намуда, боиси ташвиши аҳли маҳалла гардида буд.
Санҷишҳои органолиптикӣ, заррабинӣ, бактериологӣ ва биологӣ дар Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд нишон доданд, ки маҳсулоти гӯштии ошкоргардида, аз рӯи намуди зоҳирӣ, ранги гулобӣ, бӯйи бегона, мавҷуд будани микрофлораҳои омехта дар мисоли кокк, диплококк, стрептококк ва бактерияҳои чӯбчашакл ба талаботи стандартӣ ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” мутобиқат намекунанд.
Дар асоси талаботи регламенти техникӣ бояд корҳои тайёр намудани каллаю поча, шустан, тоза намудан ва чандиркунонӣ дар ҷойҳои алоҳида ё дар ҳуҷраҳои истеҳсолии махсус гузаронда шаванд. Соҳибкор бе риояи ин талабот дар анбори ғайриистеҳсолӣ ва ғайрисанитарӣ ин маҳсулотро истеҳсол ва нигоҳдорӣ намуда, ба фурӯш баровардааст.
Аҳли маҳалла, фаъолон ва ҳамсояҳо, ки дар ин кӯча ба сар мебаранд, аз ҳолати ногувор ва бӯйи ғализи маҳсулоти гӯштӣ ба танг омада бошанд ҳам, ягон чора наандешидаанд ва ба ягон мақомот муроҷиат накардаанд, ҳол он ки бетарафии онҳо боиси сар задани бемориҳои сироятӣ ва оқибатҳои дигари вазнин шуда метавонад.
Мутаассифона, барои баъзе соҳибкорон пули зиёди бедардимиён муҳимтар аст, на манфиати миллат. Дар рафти санҷиши муштараки мутахассисони шуъбаи нозироти савдои маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят ва кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар анбори соҳибкор Нозим Рустамов, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Дуредгарон - 29361, бозичаи пастсифати бачагона ба маблағи умумии 26672 сомонӣ ошкор гардид. Мол истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад ва ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бехатарии бозичаҳо” мутобиқат намекунад.
Ин ҳолати ягона нест. Давоми 8 моҳи соли равон мутахассисони шуъбаи нозироти савдо дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон 33941 адад намудҳои гуногуни бозичаҳои пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуданд.
Ҳамчунин, чанде пеш мутахассисони марказ якҷо бо кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят санҷиши муштарак гузаронда, дар анбори ҶДММ “Ахтар Суғд” маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва пастсифатро, ки ба таври қочоқ аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, аз ҷумла 6280 дона чепсии “Омега”-и истеҳсоли Беларус, 6480 дона моҳии хушкардашуда, 4059 литр оби ҷави истеҳсоли Русия ва Қазоқистон, 1339 кг ғизои кӯдакона, инчунин, ба миқдори зиёд маҳсулоти қаннодӣ, майонез, кетчуп, қаҳва ва молҳои дигари пастсифатро ба маблағи умумии 223 ҳазору 750 сомонӣ ошкор намуданд. Ин маҳсулот бо иштироки ҳайати коммиссияи дахлдор дар КВД партовгоҳи шаҳри Хуҷанд нобуд карда шуд. Маблағи умумии маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартии ошкоргардида дар 8 моҳи соли равон зиёда аз ним миллион сомониро ташкил медиҳад.
Маҳкамбой КАРИМОВ,
корманди маркази “Тоҷикстандарт”
дар вилояти Суғд,
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.10.2018 №: 193 Мутолиа карданд: 199