Хабарҳо
Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес
Варзишгарони тоҷик Сулаймони Ҷамшед (дзю-до), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ) ва Анастасия Тюрина (шиноварӣ) ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон ба пойтахти Аргентина – Буэнос - Айрес сафар карданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, барномаи бозиҳо фарогири 32 намуди варзиш буда, кушодашавии он 6 октябр баргузор мешавад. Тибқи иттилои манбаъ дар ин бозиҳо наздики 4000 варзишгари 206 давлати ҷаҳон барои 241 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 206