logo

иҷтимоиёт

МУРҒОБ. ТАЪМИНИ 7750 НАФАР БО НЕРУИ БАРҚ

Дар доираи ҳамкории молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ноҳияи Мурғоб НБО-и “Тоҷикистон” мавриди истифода қарор гирифт, ки аксари аҳолии ноҳияро бо неруи барқи босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву боэътимод таъмин менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки маросими расмии ифтитоҳи неругоҳи мазкур 13 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо пешниҳоди Сарвари давлат “Тоҷикистон” номгузорӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мавзеъ ҳанӯз соли 1964 неругоҳи барқии обӣ бо иқтидори 640 кВт сохта шуда буд, вале солҳои охир бо сабаби камии оби дарё ва фарсудашавии таҷҳизоташ барқи истеҳсолкардаи он ҳатто барои таъмини муштариёни маркази ноҳия намерасид. Аз ин рӯ, соли 2015 бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозии неругоҳ оғоз ёфт .
Тавре Далер Ҷумъаев, директори генералии ширкати “Помир энерҷи”, иттилоъ дод, мувофиқи лоиҳаи якум, тавоноии неругоҳ 800 кВт буд. Баъд аз анҷом додани тадқиқотҳои иловагии топографӣ муайян гардид, ки ба андозаи 2 метр паст кардани сатҳи канали обпарто ва 3 метр баланд бардоштани сатҳи сарбанди неругоҳ иқтидори барқтавлидкунии онро метавон ба 1500 кВт расонд. Ин пешниҳод бо назардошти ниёзмандии зиёди ноҳия ба қувваи барқ аз тарафи шарикони рушд ҷонибдорӣ гашт.
Аз ин рӯ, барои татбиқи ин лоиҳа, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Олмон 7,4 миллион евро ва барои бунёди хатҳои интиқолдиҳанда, тақсимкунанда, васлу насби зеристгоҳҳо ва асбобҳои замонавии барқченкунӣ Ташкилоти Оғохон оид ба рушд 2,1 миллион евро ҷудо намуданд.
Бо тавсияи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми таҷҳизоти неругоҳ бо назардошти шароити табиии ноҳия интихоб шудааст, ки хеле муҳим мебошад. Аз ҷумла, барои таъмини мураттабии кор гармкунакҳои махсуси дарвозаҳои сарбанд дар ҳама гуна вазъи обуҳаво ҳолатро муътадил нигоҳ дошта, реҷаи гузариши ҳаҷми зарурии обро танзим менамоянд.
Ғайр аз ин, ҷиҳати фаъолияти бенуқсону боэътимод барои НБО-и “Тоҷикистон” бо баландии 12 ва дарозии 64 метр сарбанд бунёд шудааст. Барои таъмини шаффофият ҳангоми ҳисоби хароҷоти қувваи барқ, барои истифодабарнадагон ҳисобкунакҳои замонавии электронӣ васл гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани НБО-и “Тоҷикистон”, ки дар ҷаҳон яке аз неругоҳҳои аз сатҳи баҳр баландтарин маҳсуб меёбад, қариб 7750 нафар сокинон, 67 муассисаи иҷтимоӣ, корхонаҳои давлатию хусусӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва иншооти дигари ноҳия давоми ҳашт моҳ шабонарӯзӣ ва дар чор моҳи фасли зимистон то 18 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 182

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед