logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. БОНУВОН ЗИДДИ БЕНИЗОМӢ ВА ҶОНИБДОРИ ҲАЁТИ ОСОИШТААНД!

Бо иштироки зиёда аз  500 нафар занон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Бонувон - ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ҳамоиш занон мавқеи қотеонаи хешро бар зидди силоҳ ва маводи мухаддир, амалҳои дигари ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятӣ ва костагии ахлоқ, ки боиси иснод овардан ба шаъни мардуми сарбаланди Бадахшон ва эҷоди нороҳатӣ шудааст, иброз доштанд.
Дар ҳамоиш муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода изҳор дошт, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пешравиҳои азим ба амал омада, дар партави Фармони Президенти ҷумҳурӣ “Дар бораи боло бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” занони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа ҷойгоҳи сазовор пайдо намуданд.        
Сафари кории охири Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ шаҳодати пешравиҳои бузург дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷараёни сафар 20 иншооти дорои аҳамияти муҳим ба истифода дода шуданд. Танҳо аз соли 2013 инҷониб  барои тараққиёти вилоят ва таъмини зиндагии шоистаи мардум зиёда аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст. ВМКБ чун ҳамеша дар маркази диққати Роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, сокинони он бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта ва созанда машғули кору зиндагианд. Мутаассифона, вақтҳои охир амалҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ боиси ноором гардидани авзоъ дар шаҳри Хоруғ гардидаанд. - Дар чунин шароит бетарафӣ баробар ба бешарафист ва ҳамоиши имрӯзаи занону модарон баёнгари он аст, ки занони Бадахшон чун неруи муташаккили сиёсӣ ҳамеша  ҷонибдори  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буда, бар зидди силоҳу мухаддирот ва амалҳои ҷинояткорӣ садо баланд мекунанд, - афзуд Н. Амирбекзода. 
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Подшохоним Абдураҳмонова мавҷудияти силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, густариши нашъамандиро омилҳои асосии эҷоди хатар ва нооромӣ дар ҷомеа арзёбӣ намуда, гуфт, ки Пешвои миллат барҳақ, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки 15 сентябр баргузор шуд, зарурати пурзӯр намудани мубориза бо ин амалҳои зиштро таъкид намуданд.
Зимнан, Арамбегим Маҳтобшоҳзода, корманди дастгоҳи раиси ВМКБ, аз таваҷҷуҳи нокифояи волидон ба тарбияи фарзанд ва заъфи иҷрои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, падару модароне ҳастанд, ки агарчӣ духтар ва ё писарашон соатҳои дароз ғайб мезананд ва ё шом дер ба хона оянд, аз ҳолу аҳволашон пурсон намешаванд. Вай, ҳамчунин, таъкид кард, ки айни ҳол вобаста ба вазъи Хоруғ ҳар гуна овозаҳои беасос паҳн мегарданд ва сокинони шаҳр бояд ба дурӯғпардозиҳои ашхоси манфиатҷӯ ва низоъандоз бовар накунанд.
Бино ба гуфти муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ Қиматгул Алибердиева, бори аввал нест, ки рафтори нохалафонаи гурӯҳҳои ҷиноятӣ боиси ба гирдоби ноамнӣ кашидани шаҳр мегардад, вале итминони комил дорем, ки бо талоши неруҳои солими ҷомеа, ки занон бахши бузурги он ҳастанд, халъи силоҳ пурра амалӣ мешавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 173

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед