logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИИ ЯПОНИЯ

5  октябри  соли  2018  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Токио бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония Иточу (ITOCHU), Марубени (Marubeni), Митсубиши (Mitsubishi), Сумитомо (Sumitomo), Соҷитс (Sojitz), МУФГ Бонк (MUFG Bank), Кавасаки Ҳеви Индастриес (Kawasaki Heavy Industries LTD.)  мулоқот карданд.
Зимни баромади худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазои амну суботи кишвар, имконоти васеи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, андеша ронданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалби технологияи муосир, сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманд, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, зарурати ба роҳ мондани муносиботи зичу пурсамари ташкилотҳои молиявӣ ва сармоягузории Япония ҳарф заданд.
Дар мулоқот имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар самти иштироки ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии японӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, алалхусус дар соҳаи тиҷорат, сохтмон, нақлиёту алоқа, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрока, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, туризм, дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва дигар соҳаҳои барои тарафҳо манфиатбахш, муаррифӣ шуданд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъданҳо, коркарди алюмин, боғдорӣ, заминдорӣ, чорводорӣ, истеҳсолу коркарди пахта ва бо истифодаи захираи бузурги растаниҳои табиии шифобахш густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ муҳим арзёбӣ шуд. Дар соҳаи фармасевтӣ фаъолияти корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди растаниҳо ва истифодаи маҳсулот аз онҳо, намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.
Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст ҳамкориро бо Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) ва корпоратсияҳои бонуфузи Япония оғоз намуда, робитаҳоро таҳким бахшад.
“Тоҷикистон барои ба роҳ мондани тиҷорат ва маблағгузорӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба, имкониятҳои фарох дорад ва мо омодаем, дилхоҳ пешниҳодро барои рушду густариши муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ баррасӣ намоем” - иброз доштанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Япония даъват ба амал оварданд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2018    №: 198    Мутолиа карданд: 121

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед