logo

сиёсат

ШРИ РАМ НАТҲ КОВИНД ДАР ТОҶИКИСТОН

8 октябри соли 2018 дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ доштанд. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковиндро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.

Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвари меҳмоннавози мо хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ин ташриф ба Тоҷикистон ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди байни кишварҳо, ки мунтазам инкишоф меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Заминаи мустаҳками меъёриву ҳуқуқӣ аз 60 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ иборат аст.
Барои татбиқи самарабахши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳкими муколамаи сиёсии ҷонибҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва барои густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолтар кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.
Бо назардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва захираҳои бузурги неъматҳои моддии Тоҷикистон ҷалби сармоя ва технологияи муосири Ҳиндустон ба кишвари мо ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо муассисаҳои саноатии Ҳиндустон барои ҳар ду ҷониб муҳиму манфиатбахш маънидод гардид.
Захираҳои бузурги табиӣ, бахусус дар бахши гидроэнергетика, имкон фароҳам меорад, ки ширкатҳои давлативу хусусии ҳиндӣ мустақиман дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла тавлиди энергияи таҷдидшаванда, ҳузур дошта бошанд.
“Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металлу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин, ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем”, - таъкид доштанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Тоҷикистон зиёда аз дусад чашмаи оби маъданӣ, ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки имкониятҳои зиёдеро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб ва туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва бемористонҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ фароҳам меоранд.
Дар самти рушди робитаҳои башариву фарҳангӣ ва илмӣ иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон барои ҷудо намудани стипендияҳои таълимӣ ва омӯзишӣ тариқи Барномаи ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон таъкид гардид.
Ҳар ду кишвар дар соҳаи амният ва мудофиа ҳамкориҳои босамар доранд ва ҷонибҳо ба фаъолияти Гурӯҳи тахассусии байни мақомоти мудофиавӣ баҳои баланд доданд. Бунёди госпитали дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ва омода кардани кадрҳо, ифодагари воқеии ин ҳамкориҳо мебошанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосирро дар доираи Гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ муҳиму саривақтӣ шумурданд.
Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.
Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар ҳошияи созмонҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории доманадор доранд ва ҳамёрии давлатҳо дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон  хоҳад шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули афкор карданд.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул ва санадҳои зерин имзо шуданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқоти соҳаи кишоварзӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва Шӯрои маркази тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнанӣ ташкилоти мустақили назди Вазорати Аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тибби юнанӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;
- Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковинд оид ба натиҷаҳои мулоқот барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2018    №: 198    Мутолиа карданд: 91

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед