logo

маориф

СТИПЕНДИЯИ СОҲИБ ТАБАРОВ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Маҳмад Шарифов, сокини Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови  ноҳияи Муъминобод, яке аз шахсиятҳои шинохта ва марди саховатпешаест, ки собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад. Ӯ тасмим гирифтааст барои дастгирии хонандагони болаёқат ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои худӣ стипендияи мунаққиди барҷастаи адабиёти тоҷик Соҳиб Табаровро таъсис бидиҳад.
Ин иқдоми наҷиби Маҳмад Шарифовро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дастгирӣ намуданд. Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод ба мо иттилоъ доданд, мақсад аз таъсиси идрорпулӣ, пеш аз ҳама, дарёфти хонандагони болаёқат,  ҳамчунин, зинда намудани хотираи ин ходими барҷастаи адабиёт мебошад.
Шуъбаи маориф қарори таъсиси идрорпулиро ба тасвиб расонд. Аллакай, даври аввали озмун миёни хонандагони мактабҳои ноҳияи Муъминобод гузаронда шуд. Шартҳои озмун барои дарёфти идрорпулии ба номи Соҳиб Табаров донис-тани ҳаёту фаъолияти ин шахси муътабар, қироати хуби шеър, баҳои хубу аъло аз фанҳои дақиқ ва ғайра мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 58 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 19 ҳазору 754 хонанда таҳсил менамояд. Аз ин теъдод 9552 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 
И. РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 250

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед