logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Миллати тоҷик таърихи тӯлонӣ ва густурда дошта, куҳанбунёд аст. Вай дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.
Тӯли таърих ба шебу фароз, муборизаҳои беамон, созандагиву бунёдкорӣ ва ба анвои давлатдорӣ дар марҳилаҳои мухталифи таърих рӯ ба рӯ гашта, аз он ҳама печу хами таърихӣ маҳз бо илму хирад ва фарҳанги созандаи хеш поку мубарро ва сарбаландона берун омадааст, ки омӯзиш ва нигариши он барои наслҳои ояндаи миллати тоҷик роҳнамои комил ва мояи таҷрибаву ибрат буда метавонад. Яъне, он танҳо барои маълумот ҳосил намудан нест. Чуноне Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Бо вуҷуди ин, агар гӯем, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ чун дастоварди бузурги истиқлолият воқеаи азими дигареро шоҳид нагаштааст, шояд хато нашавад. Дарвоқеъ, истиқлолият неъмати бебаҳо, пурарзиш ва мояи ифтихору сарбаландии ҳар миллат мебошад, чунонки он ифтихори доимии мо - тоҷикон гардидааст. Акнун бештар аз 25 сол мешавад, ки тоҷикон истиқлолият доранд, яъне онҳо мустақиланд, ба давлатеву миллате дигар пойбанд нестанд, ҳуқуқи қабули қонунҳо доранд ва озоданд. Шукрона мегӯем, ки сари мо баланд аст, давлат дорем, дар ҷомеаҳои мухталиф сухан мегӯему андеша меронем ва дар кишвари худ осоишта ҳаёт ба сар мебарем.
Бояд гуфт, ки истиқлолият танҳо моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар раддаи давлатҳои мустақил озоду сарбаланд накард, балки дар ҳама соҳаҳову самтҳои давлат тараққиёту пешравиҳои назаррас ба вуҷуд овард. 27 сол, гарчанде бо қиёс ба умри одам муҳлати тӯлонӣ аст, аммо дар назди таърих лаҳзаеро мемонад. Дар ин муддат Тоҷикистон нав шуд, дигар шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият кам нестанд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад. Рушду устувории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҷамъият пурра таҳаввул намуда, дар ин самтҳо дигаргуниҳои ҳамаҷониба ба назар мерасанд. Олимону муҳаққиқони тоҷик, тақрибан, дар ҳама самтҳои илм дахл намудаанд ва мекунанд ва таҳқиқу пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд. Ҳамасола чандин рисолаҳои номзадиву докторӣ, мақолаҳову китобҳои алоҳида рӯи кор меоянд, ки ба ин ё он соҳаи илму маориф ва ё пажӯҳиши ҷанбаъҳои ҳаёти шахсиятҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Гарчанде вобаста ба арзишҳои даврони истиқлолият корҳо ба анҷом расидаанд, аммо, ба андешаи мо, ҳоло каманд. Мебоист, ки доир ба тараққиёти моддиву маънавӣ, дастовардҳову бунёдкориҳо ва корнамоиҳои даврони истиқлолият корҳои бузургтар анҷом ёбанд, мақолаҳову китобҳо таълиф гарданд ва пажӯҳишҳои ҳамаҷониба сурат бигиранд. Ин амал танҳо барои имрӯз нест, чун насли имрӯза шоҳиди воқеоти замон аст, худ медонад, гувоҳ аст. Аммо, он таҳқиқу баррасиҳо вобаста ба арзишҳои замони истиқлолият, бешубҳа, барои наслҳои минбаъда ва махсусан, таърихи миллати тоҷик басо муҳим ва зарурӣ мебошанд. Он таълифот ва пажӯҳишҳо дар муҳлати кӯтоҳ ба маводи таърихӣ табдил меёбанд ва барои наслҳои оянда ва дигар милалу ақвоми дунё гузаштаи миллати тоҷик ва кору пайкори абармардони онро чун оина дар пеши башар инъикос месозанд ва бозгӯ мекунанд. 
Яке аз самтҳое, ки дар даврони истиқлолият тараққӣ ва такомул намуд ва то имрӯз дар радифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ монда, идома дорад, фарҳанги куҳан ва ғановатманди миллати тоҷик мебошад. Бешубҳа, гуфта метавонем, ки ин тараққиёт ва таҳаввулоти назаррас дар соҳаи фарҳанг пурра ба даврони истиқлолияти кишвар ва сарварии Пешвои миллат марбут мебошанд, ки зикру баррасӣ,  қадр намудан ва ба ин васила ташвиқу тарғиби он аз рисолату масъулияти олимону муҳаққиқон ва фарҳангпарварони Ватан ба шумор мераванд.   
Шариф КОМИЛЗОДА,
Қадриддин ИСОЕВ,
муҳаққиқон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 533
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед