logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар ҷаҳони  муосир ҳифзи асолати   фарҳангию миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад, ки мавҷудияти  маънавии  ҳар халқу миллат  аз он вобаста аст. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Ба ибораи дигар, худшиносии миллӣ на танҳо маълумот, балки  пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар, дин ва дигар арзишҳои таърихиву фарҳангист.
Мо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба сар мебарем, дар шароите, ки фарҳангу  русум ва одобу ахлоқи мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳарбӣ тавоно фарҳангу таърих ва арзишҳои миллии халқҳои хурдро, новобаста аз куҳан буданашон, маҳв месозанд.
Дар ҷаҳони муосир неру ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҷангу ифротгароӣ, терроризм ва радикализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд ва бо ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ менамоянд. Чунин неруҳо ҳавасманд бар онанд, ки  халқу миллатҳои ҷудогонаро аз  таъриху фарҳанги аҷдодиашон дур сохта, онҳоро ба «манқурт» табдил диҳанд.
Бешубҳа, яке аз  рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаби мо эҷод намуда, дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштанд. Исми мубораки Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалии Балъамӣ, Низомулмулк, Абуалӣ ибни Сино ва боз садҳо бузургони илму ирфон ва сиёсатро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамеша аз паси мақому мартаба ва нуфузи забони тоҷикӣ буданд.
Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шаванд, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳар чи бештар ташаккул ёбанд. Дар ин самт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён, 2700 - солагии китоби «Авесто», 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1310 - солагии Имоми Аъзам (Абуҳанифа), 1000 - солагии Носири Хусрав,  650 - солагии шоир ва орифи шаҳир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 800 - солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 1150 - солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров нишонаи дурахшони эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангии он  ба шумор меравад.
Маҳз ҳамин ҷашнвораҳо  то дараҷае ҷомеаи моро бо мероси маънавию фарҳангии худ шинос, ҳисси ифтихори миллиро бедор ва барои ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд.
Воқеан, ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меоянд.
Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.  
Насимҷон ЗАРИФОВ, аспиранти кафедраи таърихи халқи 
тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 269

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед