logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳри Душанбе, 17 ноябри соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад, ки мо онро солҳои дароз интизор будем ва барои расидан ба ин нияти некамон шабу рӯз заҳмат кашидем.
Барқи аввали неругоҳи “Роғун” - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамонро ба хурду бузурги кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.
Ҳукумати Тоҷикистон, баъди дар кишвари азизамон барқарор гардидани сулҳу субот, тасмим гирифт, ки бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони ин неругоҳи азими барои мо ҳаётан муҳимро оғоз намояд.
Дар шароити басо мушкил, яъне дар айёме, ки дунёро буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва иқтисоди миллии мо низ таҳти фишори он қарор дошт, мо бо азму иродаи қавии мардуми кишварамон ва бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон ба бунёди ин неругоҳ шурӯъ кардем. Зеро бидуни сохтмони «Роғун» талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне, неругоҳи «Роғун» омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат «Роғун» - ро иншооти сарнавиштсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёди онро бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монд.
Бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот, илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидорӣ кардани саҳмияҳои неругоҳ ҳиссаи арзишманд гузоштанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба ҳамаи онҳое, ки саҳми ватандӯстонаи хешро ба иншооти бузурги аср гузоштанд, бори дигар миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳамватанони азиз!
Солҳои охир талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон ва минтақа мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва тибқи пешгӯии мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон талабот ба он то соли 2030 нисбат ба аввали асри бисту якум қариб чор баробар зиёд хоҳад шуд.
Афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба неруи барқ, тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ сею ним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии неруи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.
Ҳамзамон бо ин, барои ноил шудан ба рушди саноат ва баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти саноатӣ бояд сатҳи таъминоти кафолатноки неруи барқ таъмин карда шавад. Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кардаем.
Дар зарфи 27 соли истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, мо ба таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз кардем, ки ҳоло ин раванд бомаром идома дорад. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии неруи барқ дар минтақа кумак мерасонад.
Яке аз хусусиятҳои даврони муосир - тамоюли глобалии ташаккули “иқтисоди сабз” ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои таҷдидшаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи истеҳсоли неруи барқ мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз” ба шумор мераванд. Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.
Ба ин манзур, тайи солҳои охир ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он аз ҷониби мо як қатор лоиҳаҳо таҳия шуда, бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо ба итмом расидааст ва амалӣ намудани чандин лоиҳаҳои дигар идома дорад. Зимнан, ҳоло татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи “СASA-1000» оғоз гардидааст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои афзоиши содироти неруи барқ ба ҳамсояҳои дуру наздики мо баробар бо талаботи рӯзафзуни бозори минтақавии энергетикӣ заминаи мусоид муҳайё мегардад.
Ҳамватанони гиромӣ!
Ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ ва, ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад. Яъне, ҳамаи мову шумо, ҳамватанони азиз, бояд ба қадри сарватҳои миллӣ, заҳмати бунёдкорони иншооти энергетикӣ ва кормандони соҳа расем.
Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки иқтисодиёт ва мардуми кишвари азизи мо солҳои зиёд бо сабаби танқисии неруи барқ дар фасли сармо азият мекашиданд. Норасоии неруи барқ тайи солҳои зиёд на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки ба ҳамаи соҳаву бахшҳои иҷтимоӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонд.
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар самти истиқлолияти энергетикии кишварамон саҳми бузурги худро мегузорад ва ман ин рӯзи таърихии ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми онро бори дигар ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи бунёдкорони ин иншооти тақдирсоз ва ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, ки дар ин сохтмони бузурги аср софдилона заҳмат мекашанд, изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамоям.
“Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обруи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!
Ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввали “Роғун” - мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои наслҳои Ватан муборак бошад!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 591
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед