logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ. ДАЪВОҲОИ КУҲНА ДАР ҚОЛАБИ НАВ

Дар яке аз сомонаҳои наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роҳбарияти ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ кумитаи нав таъсис ёфта, наҷоти зиндониёнро бар уҳда гирифтааст. Аҷабо, ТТЭ ҲНИ, ки ба вартаи ҳалокат наздик аст, акнун наҷоти дигаронро ба зимма гирифта, дар ин самт барномаҳои навро дар симои «кумитаи шаҳрвандӣ» рӯйи даст гирифтанист (албатта, бо кумак ва мусоидати хоҷагони хориҷӣ).
Гӯиё наҳзатиҳо ҳама корро анҷом доданд, ки навбат ба таъсиси созмони нав - «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» расид. Кумитаи нав ҳам, «фаъолони сиёсӣ» - ро дар худ таҷассум мекунад ва гӯиё ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоят менамояд. Вале, суоли матраҳ ин ҷост, ки кадом зиндониёни сиёсиро? Ҷавоб хеле сода хоҳад буд: ҳамон зиндониёне, ки танҳо ба тими наҳзат тааллуқ мегиранд. Дигар зиндониён, аслан ба дарди наҳзат ва доираҳои ба он наздик намехӯранд. Ин аст, ки «кумитаи нав» талабот ва муқтазиёти худро дар доираи зиндониёни наҳзатӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин паси панҷара қарор гирифтаанд, маҳдуд мекунад. Дигар ин ки муҷриёни кумитаи навтаъсис ҳам ба наҳзат ва афкори наҳзатӣ иртиботи бевосита ва бавосита доранд. Аз ин лиҳоз, ҳар чи дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба афроди наздик ба доираҳои наҳзат тааллуқ дорад.
Кумитаи мазкур, ки сад дарсад мутмаинем, аз ҷониби доираҳои махсуси хориҷӣ сармоягузорӣ ва ҷонибдорӣ мешавад, тайи фаъолияти семоҳа дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуроти сохтаи иғвоангезона дар баъзе кишварҳо саҳм гирифтааст. Ба доираи фаъолияти кумита таваҷҷуҳ мекунем: пикету флешмоб ва тазоҳуроти ба истилоҳ густарда алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро феҳрист ва ҷинояткоронро тарғиб менамояд, аз созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои молию пулӣ ва пуштибонии сиёсӣ металабад ва саранҷом дар Аврупо паёми бегуноҳӣ пахш месозад. Гузашта аз ин, кумита маҷаллае таҳти унвони «Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ» таъсис дода, барои он ки худ ва ҳаммаслакони ҷинояткорашро дар хориҷ тарғиб кунад, исми онҳоро феҳраствор зикр карда, ба ин восита, бегуноҳии наҳзатро собит кардан мехоҳад. Дар ҳоле ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мадании аврупоӣ ба ин навъ кумитаҳо ва созмонҳо, ки шуморашон ҳар рӯз ба садҳою ҳазорҳо мерасад, аслан эътибор намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки бо ташкили чунин кумитаҳо ва созмонҳои гуногун шумори муътаризони муҳоҷир намеафзояд, баръакс, боиси нафрати онон мегардад. Чун аксари шаҳрвандони мо, ки муқими Аврупо ҳастанд, «лаззати» паноҳ бурдан ба наҳзатро медонанд ва аз ин ташкилоти террористӣ парҳез мекунанд.
Масъулони «кумитаи нав» 16 сентябрро ба унвони рӯзи зиндониёни сиёсӣ пазируфтаанд. Чаро? Чунки дар ин рӯз наҳзатиёни ҷинояткоре, ки дар табаддулоти Абдуҳалим Назарзода даст доштанд, ба ҳабс гирифта шуданд ва кумитаи мазкур аз фурсат истифода бурда, ба онҳо тамғаи «зиндониёни сиёсӣ» мезанад. Дар асл, ин тоифа ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, дар баробари қонун ҷавобгар шудаанду халос.
Дар идомаи матлаб зарур мешуморем, ки ба даъвоҳои беасоси «кумитаи шаҳрвандӣ» посухи иҷмолии рақамӣ ироа намоем, ки аз ин зовия аст:
1. Зиндониёне, ки кумитаи наҳзатӣ дар назар дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ, дигарандеш нестанд ва тафаккури таассубию хурофотӣ доранд. Амалкарди онҳо дар ҷараёни мурофиаи ҷиноятӣ мавриди баррасии ҷиддии ихтисосӣ - ҳуқуқӣ қарор гирифта, бар асоси ҳалномаи суд ва таркиби ҷиноёте, ки муртакиб гардидаанд, равонаи зиндон шуданд. Ба ин маъно, ҳар нафари ҷинояткоре, ки иғвогарони наҳзатӣ ба унвони «зиндониёни сиёсӣ» муаррифӣ мекунанд, дар асоси қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ зиндонӣ шудаанд. Дурӯғи дигари кумитасозон  рӯйи фишорҳои набуда ва дурустараш бофташуда тамаркуз мекунад. Барои бозпурсӣ даъват кардан ва гузарондани суҳбатҳои ихтисосӣ ва тарбиявӣ аз кай боз фишор номида шудааст? Магар, бо модари Маҳмуд Файзраҳмон ва бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, ки ҳар ду мутаассиби наҳзатӣ мебошанд, суҳбат кардан фишор аст? Оё мақомоти марбутаи давлатӣ ҳуқуқи бо шаҳрвандони худ суҳбат кардан ва фаҳмондани ҷузъиёту куллиёти ҳаракатҳои номатлуб, тундгаро ва таассубомези наздикону пайвандони ба ном «дигарандеш» - ро надоранд? Дар тамоми давлатҳои дунявӣ ва демократӣ ин тарзу усули кор мавриди истифода қарор мегирад. Агар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо наздикону пайвандони ҷинояткороне, ки ба хориҷ паноҳ бурда, барои ноором сохтани авзоъ талош меварзанд, суҳбатҳои ихтисосӣ нагузаронанд ва ба онҳо воқеиятро ошкор насозанд, пас, чӣ кор кунанд?! Магар дар Аврупо хешону пайвандони террористон ва ҷинояткорон ба мақомот даъват намегарданд ва бо онҳо суҳбат намекунанд? Албатта, мекунанд, вале наҳзат ва наҳзатмаобон ин тарзи кори мақомоти қудратии аврупоиро нодида мегиранд, зеро ки ба манфиаташон нест.
2. Гӯиё латукӯб, нарасондани ёрии аввалияи тиббӣ ва мавридҳои вафоти зиндониёни ба ном сиёсӣ масъалаест, ки наҳзат ҳамарӯза ба он мечаспад ва муҳимтар аз ҳама, онро ҳангома мекунад. Мо шоҳиди онем, ки чандин комиссияҳои созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дидан намуданд ва дар ин замина, гузоришоти воқеӣ пешниҳод карданд. Чаро ба гузоришҳо ва изҳори назари масъулони созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ намешавад? Ҷавоб як аст: чунки ин навъ гузоришҳо ба дарди наҳзат ва кумитаи навсохти наҳзатӣ намехӯранд;
3. Ҳеҷ мамнӯияте дар истифода аз интернет ва корбарии шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намешавад, ба ҷуз чанд мавриди истисноӣ, ки ба ҳолати фаннӣ - техникӣ рабт доранд. Аммо, ин навъ ноҷуриҳои фаннӣ - техникиро ба сифати найранги сиёсӣ истифода бурдан дар фаъолияти чандинсолаи наҳзатӣ зиёд мушоҳида мекунем.
4. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳафтаномаю рӯзномаҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ ва илмӣ - маданӣ дар доираи қавонини ҷорӣ фаъолият мекунанд ва мақомот пеши роҳи интишори онҳоро нагирифтааст. Озодандешӣ ва дигарандешӣ дар ҷумҳурӣ баъзан аз ҷониби гурӯҳҳои табаҳкори наҳзатӣ, ки дар қолаби рӯҳонияти муҳофизакори дохилӣ арзи ҳастӣ мекунанд, мавриди интиқоди муғризона қарор мегирад. Аммо, мақомоти марбутаи давлатӣ саъю талош меварзад, ки роҳи гуногунандешӣ ва муҳимтар аз ин, озодандешӣ ҳамвор бошад, демократия ва гуманизми воқеӣ дар тамоми баданаҳои иҷтимоӣ татбиқ гардад.
5. Иқдоми мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ (дар асл ҷинояткорон) бофтаю пардохтаи ҳамин кумита аст ва, албатта, мусодираи амволи ҷинояткор як бахши муҳими татбиқи ҷазо дар низоми ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, агар амволи ҷинояткорони наҳзатӣ мусодира шуда бошад, ҳатман он дар асоси ҳалнома ва таъйиноти мақомоти судӣ сурат гирифтааст.
6. Эҳсон Одинаев чӣ шахсияти матраҳ аст, ки Ҳукумат ва мақомоти дахлдори давлатӣ иттилоотро дар бораи ӯ пинҳон кунанд? Эҳсонҳои ҷинояткор дар хориҷ зиёданд ва вазифаи сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти амнияти давлатӣ ҷустуҷӯ, пайгирӣ ва ба ихтиёри адолати судӣ супурдани ҷинояткорон мебошад.
7. Дар донишкадаю донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми дидгоҳи сиёсӣ ва озодандешӣ нафаре муттаҳам нашудааст. Албатта, донишҷӯёне, ки ақидаҳои ифротии динӣ - мазҳабӣ доранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ муҷозот мешаванд. Озодандешии донишҷӯён дар муассисоти таҳсилоти олии касбӣ мавриди истиқбол аст ва аз ҷониби мақомоти марбута ҷиҳати таҳкиму тақвият ёфтани ҷараёни озодандешӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аммо, дигарандешии динӣ - мазҳабӣ, ки бар мабнои ақоиди нодурусти мазҳабӣ созмон ёфтааст, дарди сари на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа мегардад. Ин падидаи шум (ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ) - ро дар охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми асри бист хеле хуб мушоҳида кардем ва натиҷаи манфиашро ҳам бо чашми сар дидем, ки дар вусъати он нақши наҳзат калидӣ буд.
8. Аз кадом озору азияти фарзандону пайвандони ба ном мухолифони сиёсӣ сухан меравад, намефаҳмам?! Дигар ин ки дар донишгоҳҳо донишу маърифат ва рафтору кирдори донишҷӯ мадди назари маъмурият ва ҳайати омӯзгории муассисоти таҳсилоти олии касбӣ қарор мегиранд. Ба хешу ақрабо ва ҷузъиёти сиёсии хонаводаи донишҷӯ, аслан таваҷҷуҳ намешавад. Инро наҳзат ва кумитасозони наҳзатӣ хуб медонанд, вале барояшон дар ҳар самте ҳатман ҳангомае лозим аст.
9. Парвандаҳое, ки аз ҷониби мақомоти марбута, аз ҷумла прокуратура  сурат мегиранд,  дурӯғин нестанд. Баръакс, ҳар як парвандае, ки нисбат ба нафарони алоҳида ва ё гурӯҳҳои ҷиноятӣ боз мегардад, бо назардошти таркиби ҷиноёт ва ваҷҳу далоили ҷиноятӣ ба истеҳсолоти ҳуқуқӣ равона мегардад. Аз ин рӯ, бидуни далел нисбат ба нафаре парванда боз намешавад ва нафароне, ки манзури кумитаанд, дар асоси далелҳои шайъӣ пушти панҷара қарор гирифтаанд ва парвандаҳои онон, ба ҳеҷ ваҷҳ, сиёсӣ нестанд.
10. Албатта, масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нисбат ба кӯдакон ва дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, ҳатман ба истеъфо фиристода мешаванд, агар силсилаи амалҳоеро, ки ба ном «кумитаи шаҳрвандӣ» ирсол доштааст, анҷом дода бошанд. Ҳол он ки мақомоте дар пайи ин иддао муқассир нест. Он чиро, ки наҳзатиён солҳост дар ин замина тариқи расонаҳои ҷамъиятию гурӯҳӣ ироа мекунанд, ҷуз ҳадсу гумон чизи дигаре нест ва ҳадсу гумон, чуноне ки медонем, дар низоми ҳуқуқӣ далел буда наметавонад.
Дар маҷмӯъ, иддаоҳои беасоси "кумитаи нав" даъвоҳои бепояеро мемонанд, ки ба худи наҳзат дахл доранд. Он рӯйхати дусаднафараи зиндониёнеро, ки наҳзатиҳо тартиб дода, иғвогарона муҳри «сиёсӣ» - аш задаанд, дар асл, ҷинояткороне ҳастанд, ки ҳар кадом мувофиқи ҷинояти содирнамудааш ҷазо мегирад. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015, баъзеҳо бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, пушти панҷара рафтанд. Аммо, гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам дигар ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ  мебошад, ки бо санаду далелҳо исбот шудааст.
ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ба тавтеаю дасиса ва иғвогарӣ идома медиҳад, то худро тарғиб намояд. Аммо, наҳзат, дар ҷомеаи шарқию аврупоӣ, ки мардумонаш бар мабнои ақлу дониши дунявӣ зиндагӣ мекунанд, маъруфият пайдо нахоҳад кард, зеро ки роҳи иштибоҳӣ ва ҷинояткоронаро интихоб кардааст.
Зикриё АКРАМӢ, доктори илмҳои таърих,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 228

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед