logo

Хабарҳо

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

17 ноябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» бо иштироки  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ва фаъолон ҳамоиши бошукӯҳи  идона баргузор гардид. 
Нахуст бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва волонтёрон бо шиору лавҳаҳо бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввалини НБО «Роғун»,  Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», назири “Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори “Роғун”, “Роғун”- ифтихори мо”, “Роғун” - иншооти бузурги аср”, “Роғун” - саодати рӯзгор”, “Роғун” - ояндаи кишвар”, парафшонии парчамҳои калону хурд, ҷилои гулу гулдастаҳо ва пуфакҳои ҳарранга бо шукӯҳу шаҳомати хосса аз деҳаи Гули Ҷамоати деҳоти Ғазантарак роҳпаймоӣ оғоз гардида, тариқи деҳаҳои Эшонқурғон, Қалъачаи Азим, Қалъачаи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, кӯчаҳои  ба номи Аваз Насриев, Исмоили Сомонӣ, Бобо Салом, А. Сино, Ғалаба, Ҷӯра Расул, А. Лоҳутӣ, Навобод ва Муъмин Тағои Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ то макони баргузории чорабинӣ тӯл кашид.
Дар ҳамоиши идона аввал раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода кулли иштирокчиёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки маҳз бо шарофати талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО “Роғун”  бунёд гардид ва чархаи аввали он ба хонадони мардуми Тоҷикистон нуру гармӣ овард. Зимни суханрониҳо аҳамияти бузурги бунёди неругоҳ барои ояндаи шукуфони Тоҷикистон ва талошҳои бунёдгузори “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода махсус таъкид гардиданд.
Дар қисми хотимавӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири ширкатдорони ҳамоишро бо барномаи рангини консертӣ болида намуданд.
Маратҷон ҶАББОРОВ,  ноҳияи Деваштич
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 357
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед