logo

иҷтимоиёт

БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД...

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва ташаббусҳои  созандаву бунёдкорона барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии миллату давлат аст, бо ҷашн гирифтани солгарди абармардон ва олимону шоирони тоҷик, пеш аз ҳама, ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳии мардумро  баланд бардоштанд.
Бахусус, соли 1999 Ҷашни 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён баргузор гардид ва ба ин муносибат дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе  муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт, ки имрӯз зиёратгоҳи хоссу ом аст.
Дар урфият мегӯянд, ки  «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки мадфани  шоир Камоли Хуҷандӣ  аз шаҳри Табрез дастрас гардид, ки онро 21 марти соли 2015 ба муносибати таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба мақбараи рамзӣ гузоштанд.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ иброз доштанд, ки то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд.
Гунбази муҳташаму осмонии мақбараи шоирро шонздаҳ сутуни мармарии сафеду сурх бар дӯш дорад. Баландии он 25 метр аст. Дар назди мақбара  ҳайкали шоир қомат афрохтааст, ки баландиаш 13 метр мебошад. Ҳамзамон, бо ҳидоят ва иқдоми наҷибу адабпарваронаи Сарвари давлат ҳавлӣ ва чорбоғи меросии шоири  бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ барқарор ва Боғи адабию фарҳангии ба номи ин ситораи осмони адаб таҷдид шуд. Ба шарофати ин иқдоми наҷиб, ҳар рӯз ин маҷмааро ҳазорҳо зоирони дохилию сайёҳони хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар байни осори таърихии олами ислом мақбараи асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Ин осори беназир дар қисми қадимаи шаҳри Бухоро, ки ҳоло фарогири  боғи зебост, воқеъ гардидааст. Қаблан дар ин ҷо қабристоне вуҷуд дошт, ки ҳоло осораш намондааст. Мувофиқи маълумоти таърихӣ мақбара дар нимаи дувуми асри IX сохта шуда, баъди садсолаҳо қисман хароб гардид. Дар асри ХIХ он тармим ва намои аввалааш барқарор шуд. Дар дохили бино се гӯр, аз ҷумла қабри Исмоили Сомонист. Намуди берунии мақбара хеле ҷолиб буда, бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар сохтмони мақбара маводи ороишии қиматбаҳо истифода нашудааст. Зиннати асосии он пайвасти зебову нафис ва маҳками хиштҳои ороишист. Зимни тармими мақбара меъморони муосир тавонистанд, ки намои муҳташами  онро барқарор намоянд. Мақбара асрори нуҳуфтаи худро дорад. Хусусияти  деворҳои хиштии бино дар он зоҳир мегардад, ки дар вақтҳои мухталиф вобаста ба афканиши нури офтоб ранги он тағйир меёбад.
Хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ меъморони ду ҷумҳурии бародар -  Тоҷикистону Ӯзбекистон хусусиятҳои хоси ин осори қиматбаҳои таърихиро омӯхта, нусхаи онро дар Душанбе бунёд намоянд. Ҳамзамон, мушти хоки мадфани асосгузори аввалин давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ аз Бухоро ба Душанбе оварда шавад, то зиёратгоҳи мардуми шарафманди мо бошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 256

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед