Хабарҳо
Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк) муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода дар мулоқоти сатҳи баланд ҷиҳати баррасии мушкилиҳои кишварҳои даромадашон миёна дар амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ширкат намуд.
Ҳангоми суханронӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр кард, ки дар давоми понздаҳ соли охир Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки тайи ин солҳо дар натиҷаи гузарондани ислоҳот, татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор, Тоҷикистон ба пешравии назаррас ноил гашта, сатҳи камбизоатӣ аз 81 дарсад то 30,3 фоиз коҳиш дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 128