logo

Хабарҳо

74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласа Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 варзишгарро, ки соли равон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шуд, барои гирифтани ҷоиза пешниҳод намуд.
Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016  бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш варзишгар соҳиби ин ҷоиза гардиданд. Ҷоиза ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супурда мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 96

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед