logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАСОЗӢ

Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебошад. Ба андешаи коршиносоне, ки дар ин самт тадқиқот мебаранд, омилҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ даст задани ин қишри ҷомеа  косташавии ахлоқ, аз таълиму тарбия дур мондани онҳо ва назорати хунукназаронаи падару модар ва мактабу ҷамъият мебошад.
Боиси нигаронист, ки имрӯз гурӯҳе аз ноболиғону ҷавонон ба ҷои андӯхтани илму дониш ва гирифтани ҳунар, баръакс, ба беҳудагардӣ ва амалҳои ношоям даст зада, бо ин кирдорҳояшон ба шаъни хонавода, ҷомеа ва миллат иснод меоранд. Ба ин муноқишаҳои толибилмони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, шомилшавии баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат - ун - нусра» ва ғайра бо роҳи ҷалбсозии онҳо аз тарафи намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳо тариқи шабакаи интернет, мисол шуда метавонад.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми соли 2017 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи судҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба 613 ноболиғ 426 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Яъне, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 40 парванда бештар аст.
Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар 9 моҳи соли равон 12477 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1521 адад кам мебошад.
Бинобар ин, волидайн, мактаб ва ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омӯхтани илму ҳунар тарбия намоянд, то онҳо дар оянда дониши хуб гирифта, шахси сазовори ҷомеа ба камол расанд.
Ҷумъахон ИКРОМЗОДА, мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
ва мураттабсозии қонунгузории 
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 70

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед