logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАК. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стратегияи мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд, соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Хоруғ ва ноҳияиҳои Бобоҷон Ғафуров, Сангвор, Балҷувон, Рӯшону Ишкошим мониторинг гузаронд.
Ин нуктаро Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мизи мудаввар оид ба натиҷаи мониторинги муассисаҳои кӯдакона, вохӯриҳои ваколатдор бо аҳолӣ ва қабули шаҳрвандон ироа кард.
Зикр гардид, ки мониторинг бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳияту вазифаҳои онҳо, муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ваколатдор буд.
Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда, дар баробари пешравиҳо як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ набудани гӯшаҳои иттилоотӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, фаннӣ, ошхона, ба талабот ҷавобгӯ набудани китобҳои дарсӣ ва мувофиқ набудан ба барномаи дарсие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дида мешавад.
- Бо мақсади тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ дар самти риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор чорабиниҳо гузаронда, аз натиҷааш ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои асоснок пешниҳод намояд, - гуфт Р. Ҳабибуллозода.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 109

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед