logo

иҷтимоиёт

ВНМО. ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ба бемории сироятии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории БПНМ корҳои муайянеро анҷом додааст.
Ҷиҳати пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори ин бемориҳо дар асоси нақша - чорабинӣ аз тарафи кормандони прокуратура соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва умумии таълимӣ бо ҷавонону наврасон, хонандагон ва донишҷӯён панҷ вохӯрии муҳим баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо ба ҷавонону наврасон тартиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони ба синни никоҳӣ расида, аз ҷумла манфиати муоинаи тиббии ҷавонон пеш аз никоҳ фаҳмонда шуд. Санҷиш нишон дод, ки аз соли 1991 то инҷониб дар ноҳия 66 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 40 ҳолат байни мардҳо ва 26 ҳолат байни занҳо мебошад. Дар 48 ҳолат гузариши беморӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 13 ҳолат бо роҳи тазриқӣ (сӯзандору), 1 ҳолат бо роҳи хунгузаронӣ ва 3 ҳолат аз модар ба кӯдак ба амал омадааст. Аз шумораи умумӣ то имрӯз 19 нафар фавтидааст. Феълан 31 нафар сироятёфта, таҳти назорати духтурони шуъбаи диспансерии маркази ВНМО - и вилояти Суғд қарор дорад.
Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва аъзои оилаи онҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо ВНМО ва БПНМ” ба роҳ монда шуда, ҳамаи онҳо дар қайди маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд буда, бо доруҳои зиддиретровирусии ройгон таъминанд.
Ҳангоми ба дигар намуди бемориҳо гирифтор шудани онҳо дар беморхонаи сироятии вилоят бистарӣ шуда, ройгон табобат мегиранд. Инчунин, аъзои оилаи шахсони мубталои ВНМО ҳар шаш моҳ ройгон аз ташхис гузаронда мешаванд. Кӯдакони аз модар сироятёфтаи ВНМО то синни 18 - моҳагӣ бо шири сунъӣ ройгон таъмин шуда, барои кӯдакони то 16 - сола, ки мубталои ВНМО/БПНМ мебошанд, кумакпулии ҳармоҳа дода мешавад.
Новобаста аз корҳои анҷомёфта, прокуратураи ноҳия кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирию паҳншавии ин бемории сироятӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Н. ИМОМЗОДА, прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов,
мушовири адлияи дараҷаи  1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2018    №: 241    Мутолиа карданд: 261

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед