logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ ОҒОЗ ЁФТ

Имрӯзҳо дар саросари вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи  Рӯшон,  ба хотири  истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҳамаҷониба ҷараён доранд. Ҳар як сокини ноҳия дар кӯшиши он аст, ки ба муносибати ҷашни воло дастовези арзандаеро омода намояд. Аз маркази ноҳия сар карда, то водии Бартангу мавзеъҳои дигари  дурдасти  ноҳия  корҳои бунёдкорию ободонӣ вусъати  тоза  гирифтаанд.
Дустализода Гулмаст Давлаталӣ, муовини аввали раиси ноҳия, иттилоъ дод, ки дар назар аст, то рӯзи ҷашн дар ҳар як деҳаи ноҳия ду - се иншоот мавриди истифода қарор гирад. Дар навбати аввал ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ эътибор дода мешавад. Тибқи нақша дар ин муддат дар деҳаҳои Баррӯшон коргоҳи коркарди тут, деҳаҳои Шуҷанд ва Деҳ фермаҳои мурғпарварӣ, Дерзуд, Басид, Рошорв, Пастхуф ва маркази Ҷамоати деҳоти Бартанг коргоҳҳои дӯзандагӣ, деҳаи Хуф коркарди шир ташкил хоҳанд ёфт.
Дар ин давра, инчунин, иншооти зиёди хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад. Дар маркази ноҳия, деҳаҳои Баррӯшон, Шидз, Қалот, Шоҳзагӣ ва Дерзуд нуқтаҳои таъмири нақлиёту пойафзол ва, ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия дар маҷмӯъ 18 ҳаммом бунёд карда мешавад. Ба хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардида, дар табобатхонаҳои маркази ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Савноб, Басид, Бартанг, ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон ифтитоҳ меёбанд. Дар деҳаи Басид табобатхонаи минтақавӣ бун- ёд мегардад. Чун  таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ бештар гардидааст, дар маркази ноҳия бунёди меҳмонхона ва дар деҳаи Пастхуф тарабхона, кошонаи ҳусну хонаи фарҳанг дар назар аст. Ҳоло сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ оғоз гардидааст.
Баробари ин, доир ба таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи кони «Икар», омӯзиши кони Волфрам, гус- тариш додани саноати маъдан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои ботлоқшуда тадбирҳои муассир андешида шуданд. 
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 2 толор ва 16 майдончаи варзиш бунёд мегардад. Ифтитоҳи иншоот ба рушди варзиш дар ноҳия такони азиме  хоҳанд  гузошт.
Дар деҳаи Рошорв, мавзеи Бад- руди Ҷамоати деҳоти Басид ва Бопасори Ҷамоати деҳоти Савноб неругоҳҳои хурди барқии обӣ низ  бунёд меёбанд. Роҳи мошинагарди Рӯшон – Савноб - Ғудара таҷдид гардида, иқтидори вазнбардории пулҳои роҳи водии Бартанг ва Баррӯшон зиёд карда мешаванд. Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва ободу зеботар шудани симои ноҳия аст. Бовар аст, ки тӯли 3 соли  оянда, деҳоти ноҳия куллан дигар шуда, сатҳи  зиндагии сокинон баландтар мегардад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 259
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед