logo

сиёсат

"РОҒУН". ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ

"Роғун" яке аз азимтарин лоиҳаҳои сохтмонии асри ХХI дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Корҳои таҳқиқотии сохтмони он, ҳанӯз аввали солҳои 30 –юми асри ХХ оғоз ёфта буданд.
Марҳилаҳои асосии бунёди неругоҳ дар давраи аввал солҳои 1976 -1987, 1987 - 1993 - ро дар бар мегиранд.  Марҳилаи якум - давраи омодагӣ барои сохтмони неругоҳи барқи обӣ соли 1976 оғоз ёфт. Моҳи  сентябри соли 1976 нахустин  сохтмончиён ба майдони сохтмони "Роғун" омаданд.
Сохтмони сарбанди "Роғун" соли 1987 оғоз гардид ва охири сол  27-уми декабр пеши дарёи Вахш баста шуда, корҳои мустаҳкамкунии сарбанд оғоз ёфтанд. Соли 1993 сохтмони сарбанд ба 40 метр расида буд. Ҳамон сол нақбканон низ 21 километр масофаро тай карданд. Ғайр аз ин, то ҳамон вақт корҳои асосӣ барои таҳияи ҳуҷраҳои мошину таҷҳизоти трансформаторҳо анҷом дода шуданд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, бо сабаби мушкилоти молиявӣ, барои давлати ҷавон аз нав сар кардани сохтмони неругоҳ хеле мушкил буд. Хушбахтона, бо ташаббуси бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот барқарор гардида, иқтисодиёти давлат рӯ ба рушд овард ва барои сохтмони  иншооти беназир имконият фароҳам шуд. 
Дар марҳилаи якум солҳои 2004 - 2008 тадқиқот ва омодасозии таҳқиқоти техникии лоиҳа, марҳилаи дуюм солҳои 2008 - 2010 корҳо оид ба барқарорсозӣ, сохтмон, насбкунӣ, таъмини инфрасохтори ёрирасон амалӣ карда шуданд. Ҳамин тариқ, марҳалаи сеюми сохтмон аз соли 2010 то имрӯз идома дорад. Дар ин давра, бастани канори дарёи Вахш, бунёди сарбанд ва корҳои сохтмонии ду адад агрегати  аввалин сурат мегиранд.
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ сохтмони НБО "Роғун" бениҳоят муҳим аст. Аҳамияти иҷтимоии бунёди "Роғун" дар он аст, ки аз замони татбиқи  ин лоиҳаи калонҳаҷм 13300 нафар муҳандисон ва кормандони техникӣ, меъморон ва дигар ихтисосҳои дахлдор бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар сохтмони неругоҳ ҳазорҳо нафар коргарон, бинокорон, васлгарон, муҳандисон ва кормандони техникии касбу кори гуногун ва ихтисосҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҷриба мегиранд.  Ҳамин аст, ки дар неругоҳ муҳандисони  ҷавони маҳаллӣ ба камол расиданд.
Аҳамияти иқтисодии НБО "Роғун" дар он аст, ки мамлакат аз давлати воридкунандаи энергетика ба содиркунандаи барқ табдил меёбад. Яке аз қисматҳои муҳими  корҳои сохтмон ва насбкунӣ дар НБО "Роғун"  коргоҳи васлкунӣ мебошад. Ҳоло дар ин коргоҳ як трансформатори барқии электрикӣ давоми як моҳ омода карда мешавад. Дар оянда он дар насби трансформаторҳои НБО «Роғун» ҷиҳати ҷамъоварӣ ва тайёр кардани трансформаторҳо барои дигар неругоҳҳои хурду калони энергетикӣ  хизмат мекунад. Дар фаъолияти аксарияти корхонаҳои саноатӣ, ки номувозинатии барқ дар фасли зимистон зоҳир мешавад, ҳалли худро меёбад.
"Роғун", пеш аз ҳама, ба рушди саноати мамлакат  имконот фароҳам меорад. Ғайр аз ин, ба густариши муносибатҳои энергетикии байнидавлатию гардиши савдои байналмилаливу обёрии майдонҳои кишти ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Фозил АБДУРАШИДОВ, доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2018    №: 245    Мутолиа карданд: 621
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед