иҷтимоиёт
"ГИРДИҲАМОӢ" ДАР БЕРЛИН. НАҲЗАТИЁНИ ВАТАНФУРӮШ БОЗ ШАРМСОР ШУДАНД
Чанд рӯз қабл наҳзатиёни фирорӣ дар шаҳри Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ «гирдиҳамоӣ» ташкил намуда, бо ин роҳ, хостанд ба нуфузи давлату миллати мо латма зананд, аммо боз худро шарманда карданд. Зеро дигар касе ба суханони бофтаву сохтаи онҳо бовар надорад, ҳатто мардуми Аврупо. Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ кас бо нияти бад ба ҳадаф нарасидааст.
Хушбахтона, имрӯз тамоми сокинони кишвари азизамон ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доранд ва чунин мешуморанд, ки танҳо давлати дунявию демократӣ метавонад ҳамаҷониба рушд намояд ва амнияти мардуми худро таъмин созад.
Иддае аз душманони нотавонбини давлати мо, ки дар хориҷи кишвар пинҳон шудаанд, бо туҳматҳои беасос нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон машғуланд, ки сухани онҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Мардум кайҳо боз дарк кардаанд, ки аъзои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо пушти саҳифаҳои интернетӣ бо дурӯғу туҳмат машғуланд.
Маълум аст, ки душманони миллат дар симои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо супориши хоҷаҳои худ амал мекунанд. Онҳо барои иҷрои супоришҳо маблағҳои калон гирифта, мехоҳанд дигаронро ба худ ҷалб карда, натиҷаи корашонро ба хоҷагонашон нишон диҳанд.
Мо, мардуми тоҷик кирдорҳои душманонаи ҳамоишгарони назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлинро маҳкум намуда, бо ҳисси масъулият, дар ҳимояи сохтори Конститутсионии кишварамон камари ҳиммат мебандем ва ҷавобан ба сиёсати инсондӯстонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар барои пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорем.
И. БУРҲОНОВ,
сармуаллими кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2018 №: 249 Мутолиа карданд: 379