logo

сиёсат

АДАБИЁТ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт», «Ҷумҳурият», № 238 - 239, 2018.
Мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов таҳти унвони “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”- ро рисолатномаи адабиёт дар замони муосир донистан мумкин аст. Зеро дар он таҳқиқи илмии ҳадаф ва вазифаҳои адабиёти бадеӣ, рисолати созандагии он ҳамчун ташаккулдиҳандаи маънавиёти ҷомеа ва инъикоскунандаи воқеият аз диди замонӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Муаллиф бар асоси таҳлил ва пешниҳоди далоили муътамад аз олимону адибони оламшумули гузаштаю ҳозира хулосаю натиҷагириҳои илмии асосноки нав ва ҳаётиро манзур менамояд. Аз ин лиҳоз, мақолаи мазкурро синтези назарияҳо ё назарияи модерн низ гуфтан ҷоиз аст. Аз ҷониби дигар, ин мақола раҳнамое барои эҷодкори имрӯз аст, то тавонад воқеият ва ормонҳои миллиро дар каломи бадеъ инъикос кунад. Донишманди тоҷик С. Ятимов менависад, ки “қувват ва қудрати каломи бадеӣ дар инъикоси воқеият, дар тасвирҳои волои эстетикӣ мебошад. Аммо чунин тасвир дар кадом жанре таълиф гардад, мебояд ҷанбаи воқеӣ, заминӣ, реалистӣ ва дарки ҳастӣ дошта бошад. Ба дархостҳои иҷтимоии ин замон, дар ҳоли ҳозир ва ояндаи наздик созгор ояд”.
Ба андешаи мо эҳёи давлатдории навин, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ки барои ҷаҳониён намуна аст, ташаббусҳои байналмилалии Президенти маҳбуби мамлакат, бунёд ва сохтмони иншооти азими аср – НБО “Роғун” дар муддати кӯтоҳ ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, рафъи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва даҳҳо рӯйдоду воқеаҳои фараҳбахши дигар аз мавзӯъҳое мебошанд, ки имкон доранд адабиёти тоҷикро боз ҳам ғанитар гардонанд. Хушбахтона, адибони даврони истиқлолият дар ин ҷода гомҳои устувор гузошта истодаанд. Дар робита ба ин, муаллифи мақола аз ҳаёту рӯзгор ва кору пайкори адибони гузаштаю ҳозираи тоҷик ёдовар шуда, масъалаҳои назариявии “образофаринӣ зиндагиофаринӣ аст” ва “суханофаринӣ идеяофаринӣ аст”- ро  ба миён гузоштааст.
Андешаи муаллиф “адиб он нест, ки рӯзи ҷанг (мубориза, талош, арсаи созандагӣ, рӯ ба рӯ гаштан бо душмани ғаддор, ватанфурӯш, дурӯя, бегонапараст) пушт гардонад. Адиб он аст, ки дар миёни набардҳо ё дар лобалои онҳо симо, маънавиёт, тарзи тафаккури созандаи хешро дар жанрҳои мувофиқ бо амал - образҳои бадеии ба воқеият ҳамсон нишон диҳад” муборизаҳои ҷоннисоронаи бисёре аз адибони гузаштаи миллатро ба хотир меорад. Хитобаҳои Ҳаким Фирдавсӣ “ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем”, мавқеъгирии Саъдии Шерозӣ зимни дифоъ аз Ватан “он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман...” ва Ҳабиб Юсуфӣ “даст агар аз кор афтад, ҷанг бо дандон кунем” ва садҳо гуфтаҳои суханварони миллат ҳамин рӯҳияро доранд. Пас, адабиёт як аслиҳаи мубориза барои озодӣ, созандагию бунёдкорӣ буда, инъикоскунандаи ҳаёти моддӣ ва воқеии ҷомеаи башарӣ мебошад.
Ин нуктаҳоро зикр карда, фидокориҳою ҷонбозиҳои адибони тоҷик дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, ҳувияти миллӣ, мубориза бар зидди бегонапарастӣ, таассуб, ҳимоят аз давлати миллӣ пеши назар меояд. Масалан, Носири Хусрав бо афкору андешаҳояш чун шахси озода, ҳақиқатҷӯю ҳақиқатгӯй ва ватандӯст дар назарҳо ҷилвагар шуда, ифтихори миллӣ ва озодандешӣ ҷавҳари асосии ақидаҳои иҷтимоии ӯро ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҷанбаи эҷодиёти ӯ писанди давлатдорони бегона, истилогарон, рӯҳониёни мутаассибу ифротӣ ва ҷоҳил нагашт ва зиёда аз ин шоири сарсупурда нахост “дурри лафзи дариро дар зери пойи хукон” резад. Аз ин рӯ, ӯро дучори азобу шиканҷа карданд. Аммо ягон таъқибу озор ва шиканҷаи  аҷнабиён рӯҳи пуршӯр ва иродаи матини шоирро шикаста натавонист. Иродаи матин, ақлу заковат, илму дониши фаровон ва теғи буррои суханаш ҳамеша ҳомӣ, мададгор ва наҷотбахши ӯ аз “лашкари замонаву аз теғи тези даҳр” будааст.
Ба ҳамин монанд, дар таърихи халқи тоҷик нисбат ба бисёр донишмандон ва суханварони муборизи роҳи озодии мо чунин озору таъқибҳо амалӣ шудаанд. Қисмати адибони мухолифи ҳокимони аҷнабӣ ҳама вақт фоҷиаангез будааст, онҳо ё то охир мубориза мебаранд, ё маҳв мегарданд ва ин ҳолатро дар мисоли тақдири пуркулфати аксари классикони адабиёти тоҷик равшан тасаввур кардан мумкин аст. Аз ҷумла, Рӯдакӣ дар пиронсолӣ кӯр карда шуд, Фирдавсӣ маҳкум шуда буд, ки зинда ба зинда зери пои фил партофта шавад, Ибни Сино зиндонӣ шуд, Камоли Хуҷандӣ тарки Ватан кард, Адиб Собир, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо ва Ҳозиқу дигарон ба қатл расонда шуданд.
Маҷмӯан, дар ганҷинаи адабиёти миллиамон осори назариявии фаровон маҳфуз аст. Вале мақолаи арзишманди илмӣ - фалсафии С.Ятимов аз диди замонӣ ва модернистӣ таълиф шуда, дар он масъалаҳои назариявии адабиёт, қонунияти илмии эҷод, вазифаҳои адабиёт ҳамчун инъикоскунандаи ҳаёти моддию воқеии халқ ва рӯйдодҳои созандаи ҳаёт таҳқиқ шуда, муҳимияти мақом ва ҷойгоҳи адиб, эҷодкор дар набардҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид гардидаанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ ва илмию адабии кишвар дорои аҳамияти фавқулода муҳим аст.
С. АЗОРАБЕКОВ,
Омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2018    №: 250    Мутолиа карданд: 340
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед