logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ҲУДУДИ ШАҲР ВАСЕЪТАР МЕШАВАД

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст ҳисобот дар бораи  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли равон  пешниҳод шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин муддат  ба 9,3 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 дарсад  ва саҳмаш дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми умумии  гардиши савдо ба 6 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ёздаҳ моҳи  соли гузашта  19,4 дарсад  афзудааст.
Зимни баррасии масъала раиси шаҳр  ба масъулон ва воҳидҳои сохтории дахлдор ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ  дастуру супоришҳо доданд. Иштирокдорони иҷлосия буҷети шаҳрро  барои соли оянда  қабул ва аз рӯйи нишондиҳандаҳо даромаду  хароҷоти онро муайян намуданд. Ҳамчунин, иҷрои буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017 тасдиқ гардид.
Дар идомаи кори иҷлосия пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе, ки бо Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоту сохторҳои дахлдор мувофиқа шудааст, баррасӣ гардид.  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  бо қарори иҷлосия ҷиҳати тағйир додани сарҳади пойтахт  розигӣ дод.Тибқи санади мазкур сарҳади шаҳр тағйир ёфта, аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,6 ҳазор гектар қитъаи замин ба ҳудуди маъмурии он ворид мешавад.
Дар радифи масъалаҳои номбурда ширкаткунандагони иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қарорҳои қабулнамудаи  раиси шаҳрро доир  ба  масъалаҳои кадрию  дигар соҳаҳои муҳими  шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ дар фарҷоми ҷаласа таъкид дошт, ки соли 2018 бо  навгониҳои зиёд барои кишвари мо, бахусус  шаҳри Душанбе,  хотирмон буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ва маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат макони баргузории чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ гардида,  симои худро ба яке аз шаҳрҳои муосири замонавӣ ва дорои имкониятҳои дастрас барои сокинону меҳмонон  табдил дод. Ҳоло Душанбе  ҳамчун шаҳри амну бехатар ва аз ҷиҳати инфрасохтор зудрушдкунанда дар тамоми ҷаҳон маъруф аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 415
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед