logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

СУҲБАТ БО ОДАМОНИ АСРИ XIV
Таҳқиқотчиёни юнонӣ мехоҳанд дар соли 2019 ҳуҷҷати беҳамтоеро муфассалтар таҳқиқ намоянд. Ин ҳуҷҷат ёддошти Паул Амадеус Динах мебошад, ки соли 1920 вақти як сол ба хоби иғмо (кома)  афтиданаш бо ӯ ба вуқӯъ пайваст.
Паул дар хоб бо Андреас Нортэм (соли зисташ оғози асри XIV) ҳамсуҳбат мешавад ва ин мард дар бораи ояндаи мо, инсонҳо ва Замин чунин мегӯяд: «Соли 2016 – 2018 ҷаҳон дар арсаи ҷанг қарор хоҳад дошт, вале қодир аст аз он базудӣ берун ояд. Соли 2020 як низоми нави бонкӣ ҷорӣ мегардад. Арзиши пул аз қоғази одӣ ба энергия ва захираҳои табиӣ табдил меёбад. Пас аз панҷ соли дигар, захираҳои табиӣ тақсим ва моликияти хусусӣ бекор карда мешавад. Соли 2030 инсоният тавоноии идора кардани неруи рӯҳиро пайдо мекунад. Ҳар шахс ба «телепат» табдил ёфта, метавонад иттилоотро бо қувваи фикр интиқол диҳад. Соли 2050 навъи нави энергия  - «энергияи фазо» ба вуҷуд меояд, ки вобаста ба он истифодаи канданиҳои табиӣ қатъ мегардад. Дар охири асри XXI бошад, одамон «ба замин мераванд». Яъне, эҳтимолан, сокинони сайёра ба бунёди шаҳрҳои зеризаминӣ даст мезананд, ки бо имконияти кашфи «офтоб ва атмосфера дар зери замин» алоқаманд хоҳад буд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон, аслан, барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан, аҷиб аст.

ҶИНОЯТ Ё ШӮХИИ СОЛИНАВӢ
Баъзе одамон бисёр мехоҳанд, ки боре ҳам бошад, худро дар нақши Бобои барфӣ бинанд. Барои ин, онҳо ҳатто ба содир кардани ҷиноят ҳам розиянд.
Дар яке аз деҳаҳои Красноярски Федератсияи Россия  ду нафар дӯст якбора хостанд, ки либоси Бобои барфиро ба бар карда, наздиконашонро шодбош гӯянд. Вале ин танҳо ба яке аз онҳо муяссар шуд. Дуюмин маҷбуран дар тан либоси одии зимистона ба кӯча баромад. Лекин як чиз мусаллам буд, ки ӯ аз дӯсташ кам омадан намехост. Чун дар кӯча бо ҳам вохӯрданд, "Ман ҳам Бобои барфӣ шудан мехоҳам", -  гуфта, либосҳои дӯсташро бо зӯрӣ аз танаш кашидан гирифт. Нахуст телпакашро аз сараш бадар карда (бо арзиши 250 рубл), сипас риши сунъӣ (250 рубл), хилъат ( 2 000 рубл) ва ниҳоят миёнбанд ва халтачаи тӯҳфаҳояшро (бо арзиши 500 рубл) ҳам аз худ кард. Дар маҷмӯъ, зарари ба ҷабрдида расондашуда 3 ҳазор рублро ташкил дод.
Ҷабрдида, албатта, хоҳиш кард, ки ин корро накунад, вале дигар ба гӯши дӯсти ҳасудаш чизе намедаромад.  Ӯ дар ҳавои сард миёни кӯча ҳайрон монда, маҷбур шуд, ки баргашта, ба полис занг занад. Дӯсташ вақте  фаҳмид, ки ба мақомоти қудратӣ нисбаташ шикоят бурдаанд, маблағи зарари расондаашро пардохт кард. Вале, кор то суд кашида шуда, «дузди шӯх» мувофиқи моддаи 161 – и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ба муҳлати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. 
Таҳияи О. ГУЛБЕРДИЕВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Масоҳати сатҳи бухоршавӣ муайян карда шавад
Дар вақти нигаҳдории маҳсулоти нафтӣ ба тарзи табиӣ камшавии миқдори он аз ҳисоби бухоршавӣ рӯй медиҳад, ки он ба масоҳати сатҳи бухоршавӣ мутаносиб аст. Дар вақти муайянсозии меъёри ҳудудии камшавии маҳсулоти нафтие, ки дар захирагоҳҳои силиндрии горизонталӣ нигоҳ дошта мешаванд, масоҳати сатҳи бухоршавӣ мувофиқи стандарти давлатӣ бо фарзияи он, ки захирагоҳ (резервуар) ба 75 % ҳаҷмаш пур карда шудааст, муайян карда мешавад. Масоҳати стандартии сатҳи бухоршавӣ дар захирагоҳи силиндрии уфуқии қутраш d  ва дарозиаш t муайян карда шавад.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЛУТФИ ШОУ
Таври маълум, Бернард Шоу қоқинаи дароз буд. Нависандаи маъруфу ҳамасраш Кит Честертон бошад, баръакс,  ғафсу кулӯла. Иттифоқан , ҳар ду дар меҳмонӣ вомехӯранду лаҷоми суҳбатро ба даст мегиранд:
- Афти шуморо дида, кас гумон менамояд, ки дар Англия гуруснагӣ бошад,-  лутф мекунад Честертон.
- Бале, ман ҳам шуморо дида, дарк кардам, ки фарбеҳиятон аз ҳисоби харобии ман будааст,-  мегӯяд Шоу.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


643 ҲАЗОР ДОЛЛАРНАРХИ ЯК КОСТЮМ
Дар Ҳиндустон костюми Нарендра Моди, сарвазири ин кишвар, дар музояда ба фурӯш гузошта шуд. Онро Лалҷибхай Папел ном сарватманд бо арзиши 643 ҳазор доллари амрикоӣ харид. Костюми  ғайриодӣ аз рӯи фармоиш омода гардида, бо монограммаи Нарендра Моди ороиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумот, сарвазир маблағи бадастомадаро пурра барои тоза намудани оби дарёи Ганга сарф намуд. Бояд гуфт, ки костюми мазкур гаронтарин либос дар замони худ эътироф гардида, шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» низ шуда буд. Айни ҳол онро дар даромадгоҳи ширкати заргарии «Dharmananda Diamond Company», ки ба Лалҷибхай Папел тааллуқ дорад, ҳамчун логотипи ширкат овехтаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ ва асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.

«Бодбурдаҳо»
Маргарет Митчелл бо ягона асари худ - романи «Бодбурдаҳо» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ӯ як муддат ба ҳайси рӯзноманигор дар нашрияи «Атланта ҷордан» фаъолият намуд. Баъдан, ба иллати осеб бардоштани пояш аз кори рӯзноманигорӣ даст кашиду дар як муддати кӯтоҳ  ба як соҳибхоназани одӣ табдил ёфт.
Соли 1935 бо хоҳиши дӯсташ дастхатҳои худро бо номи «Пагоҳ рӯзи дигар» ба муҳаррири яке аз нашрияҳо барои мутолиа супурд. Дар натиҷаи таҳрир номи роман ба «Бодбурдаҳо» иваз ва соли 1936 нахуст дар ҳаҷми 100 ҳазор нусха манзури хонандагон гардид. Романи мазкур ҳодисаву воқеаҳои оилавии миёнаҳои асри XIX - ро бозгӯ мекунад.
Аввалин ва охирин асари Маргарет яке аз беҳтарин ва серхонандатарин романҳои ҷаҳонӣ эътироф гардида, то ин дам теъдоди нашри китоб ба 130 миллион нусха расидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


1 ШАРТИ ДАРОЗУМРӢ
Олимон муайян намуданд, ки як соат машқи ҳамарӯза метавонад умрро  30 сол дароз намояд. Дар назари аввал, ин чун фантастика садо медиҳад, вале исботҳои илмии дарёфтшуда воқеияти онро собит намудаанд.
Таҳқиқгарон аз Донишгоҳи Болл – Сейти ИМА қалб, шуш ва мушакҳои солими одамони варзишгари то синни 70 – соларо мавриди санҷиш қарор доданд ва мушоҳида намуданд, ки ҳолати онҳо ба ҳолати одамони то 40 – сола куллан баробар аст.
Бояд донист, ки ҳамаи озмудашудагон дар муддати тӯлонии вақт ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 5 рӯз бо варзиш  машғул мешуданд. Акнун андеша кунед! Магар 30 соли илова ба ҷавониатон арзиши ҳамагӣ 7 соат дар як ҳафта машқ карданро надорад!
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
КӮДАК ДАР ЯХДОН
Бемори диабети шадиди қанд, ки дар Гейтесбурги Мэриленди ИМА мезист, бо сабаби шоки инсулинӣ тамоман дарк сохта наметавонист, ки чи кор карда истодааст. Шавҳараш бо сӯзандору инсулин гузаронда, ӯро ба худ овард ва дар ҷустуҷӯи тифли гумшудааш афтод. Оқибат, вай ӯро аз яхдон ёфт. Модар ҳушу беҳуш соате пештар кӯдакашро ба он андохта будааст. Тифли қариб яхбаста наҷот ёфт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


7 ҚАЙЧИИ САРТАРОШ
Муҳаммад Авайсро дар шаҳри Гунраҷвали Покистон «Сартароши дукорда» меноманд. Ӯ сартароширо ба муъҷизаи ҳақиқӣ табдил додааст.
Муҳаммад мӯйи сари мардонро бо усулҳои ихтироънамудааш чунон зебо метарошад, ки ба ҳунараш қоил нашуда наметавонед.  Аввал дар дастонаш дар як вақт 7 - то қайчӣ дошта, аз ҳамаи онҳо дар ҳолати зарурӣ самарабахш истифода намуданро ёд гирифт. Пасон, шумораи қайчиҳоро ба 27 - то расонд.
Ороиши махсуси  мӯйи ӯ зебопарастони покистониро  маҷбур намудааст, ки ангушти ҳайрат бигазанд.  Ҳоло барои аз хизматрасонии ӯ истифода бурдан, мизоҷон моҳҳо дар навбат меистанд. Авайс мӯйи сари ҳар мизоҷашро дар муддати на камтар аз ним соат паст карда, барои хизматаш ҳамагӣ 4 доллар мегирад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Се рафиқ, ки яке биолог, дигаре химик ва савумин корманди омор буданд, рӯзи истироҳат ба шикор мераванд.
Биолог вақте сайдро нишон мегирад, тираш 5 метр тарафи чап ба дарахт мерасад. Тири милтиқи химик, баръакс,  баъди ба дарахт бархӯрдан,  5 метр тарафи рост ғалат мераваду сайд дар як мижа задан, ҷон ба саломат мебарад.
Корманди  омор чун мебинад, ки дигар ба тир холӣ кардан ҳоҷат нест, дафтарчаи киссагиашро бароварда,  қайд мекунад:
- Имрӯз мо аз се оҳу дутояшро сайд кардем.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд.  Ин навбат тасмим гирифтем  шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.

Лануртид – Уэллс.  Аҳолиаш 600 нафар
Шаҳр дар Британияи Кабир ҷойгир аст. Лануртид - Уэллс бо он машҳур аст, ки ҳамасола Чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон (оббозӣ, дучархаронӣ ва давидан) дар ин ҷо гузаронда мешавад. Ҳамчунин, дар шаҳр як қатор мусобиқаҳои ғайриодӣ, аз ҷумла марафони одамон бо аспҳо баргузор мегардад. Бояд зикр намуд, ки Лануртид - Уэллс хурдтарин шаҳри Британия ба ҳисоб рафта, он ҳамчун шаҳр - фароғатгоҳи одӣ якчанд осоишгоҳ низ дорад.
Таҳияи Комрон САФАР


10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
4. Ҷулбарс
Ҷулбарс дар таърих аввалин ва шояд ягона саге ба шумор равад, ки медали «Барои хизматҳои низомӣ» - ро соҳиб шудааст.
Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматчиёни ҳарбие, ки минаҳоро ҷустуҷӯ ва нест мекарданд, сагҳои ромшуда низ доштанд. Ин сагҳо барои дарёфти минаҳо ба ҳарбиён кумак мерасонданд.
Ҷулбарс аз ҷумлаи чунин сагҳо буд. Дар он солҳо бо ёрии ин саг 7468 мина дарёфт гардид. Ҷулбарс бо ин қаҳрамониаш ҷони чандин одамонро аз марг наҷот дод. 
Маҳз барои чунин хизматаш ӯро бо медали «Барои хизматҳои низомӣ» сарфароз гардонданд. Сазовор шудани саг ба ин медал  барои ҳамагон ҳодисаи ғайриинтизор ба шумор мерафт. Аммо Ҷулбарс ба ин арзанда буд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


4 СОҲИЛИ ЗЕБОИ ДУНЁ
1. Pink Sands - яке аз соҳилҳои зебову ҷолибтарин буда, на танҳо дар Исландия, инчунин, дар тамоми олам машҳур  гаштааст. Ин соҳил табиати барои истироҳату фароғат мувофиқро дорад. Дар чор фасли сол ба ин ҷо аз ҳамаи кишварҳо ҳазорон сайёҳон ташриф меоранд. Ҳайратангезии ин соҳил дар он аст, ки хокаш гулобӣ, сабзаҳояш тиллоранг, обаш кабуд, осмонаш софу беғубор аст ва бо ин хусусияташ онро беҳтарин соҳил дар ҷаҳон донистаанд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ТАСОДУФҲОИ БОВАРНОКАРДАНӢ
Ба шоҳи Фаронса Людовики XVI пешгӯӣ намуданд, ки ӯ маҳз рӯзи 21-ум мефавтад. Шоҳи хурофотпараст ҳар моҳ рақами 21-ро хат зада, ба хонаи хоб мерафт ва бо касе ҳамсуҳбат намешуд.
Аммо ин ҳама эҳтиёткорӣ натиҷае набахшид.  Инқилоби бузурги Фаронса ба вуқӯъ пайвасту 21 июни соли 1791 шоҳро бо завҷааш Мария - Антуанетта ба ҳабс гирифтанд. 21 сентябри соли 1792 шоҳигарии Фаронса барҳам хӯрду 21 январи соли 1793 Людовики XVI ба қатл расид.
Чунин тасодуфи аҷиб дар ҳаёти шоҳи Италия – Умберто I низ рух додааст. Рӯзе ӯ ба тарабхонае медарояд, ки соҳиби он ба шоҳ хеле монанд буд. Маълум шуд, ки номи ӯ низ Умберто буда, бо шоҳ дар як рӯз – 14 марти соли 1844 таваллуд шудааст. Ошкор гардид, ки ӯ тарабхонаро ҳамон вақте кушодааст, ки Умберто ба тахти шоҳӣ нишаст. Соли 1900 ба шоҳ хабари паррондашудани соҳиби тарабхонаро расонданд. Дере нагузашта Умберто I низ аз ҷониби анархист Гаэтано Бреш ба қатл расид. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


АСПИ ПРЖЕВАЛСКИЙ
Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2018 дар музофоти Синзяни Чин раванди зиёдкунии аспи Пржевалский, ки ҳатто нисбат ба пандаи калон арзишмандтару нодиртар аст, оғоз гардид. То ин дам дар Синзян шумораи аспи Пржевалский зиёда аз 400 сар, шумораи саҳроии он 200 сарро ташкил медод, ки ин ба популятсияи табиию устувори он мусоидат карда наметавонист.
Алҳол аспи Пржевалский дар ҷаҳон ягона аспи ваҳшие аст, ки решаи асосии аспҳои аввалинро нигоҳ доштааст. Мутахассисон бар ин назаранд, ки айни ҳол дар ҷаҳон 2000 сари чунин аспҳо боқӣ мондааст.
Маркази тадқиқу парвариши аспи Пржевалский пойгоҳи калонтарин ва ягонаи зиёдкунии насли ин аспҳои ваҳшӣ ба шумор меравад.
Таҳияи Умар АЛӢ


ГАНҶИ  ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ  ҒАРҚШУДА
Садамаи Atocha
Галеони испанӣ Nuestra Señora de Atocha 6 сентябри соли 1622 дар соҳили Флорида бар асари тӯфон ғарқ шуда буд. Киштӣ ба Испания бори гаронбаҳо мебурд: сабикаҳои тилло ва нуқра, зиёда аз 40 тонна тангаи нуқра, ҳамчунин, тамоку, мис, силоҳ ва ҷавоҳирот.
Солҳои зиёд ганҷҷӯён аз паи дарёфти ин киштӣ буданд. Оқибат бахти ганҷҷӯ Мел Фишер хандид: ӯ 20 июли соли 1985 ҷои садамаро муайян намуд. Аз қаъри баҳр ба маблағи $450 миллион ҷавоҳирот берун оварданд.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 333

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед