logo

иҷтимоиёт

САХОИ ЯК МАРД

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони саховатманд корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба чашм мерасанд. Ин нафарон дасти мадад дароз намудан ба бечорагону дармондагонро қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ меҳисобанд. Бо ҳамин амалӣ хеш мехоҳанд дар ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.

Маҳмаёр Холов аз зумраи шахсоне мебошад, ки дар рушду пешрафти як гӯшаи диёр – Файзободи хушманзара саҳм дошта, пайваста ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд дасти сахо дароз мекунад.
Ӯ дар деҳаи Дурахшони ноҳия ба боғдорӣ машғул асту ҳамасола аз ҳосили он ятимону оилаҳои ниёзмандро бенасиб намемонад. Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонад. Ба мактаб – интернату ятимхонаҳо маводи хӯрока ва сарулибос тақдим менамояд.
Дар боғзори М. Холов зиёда аз 15 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, бо маоши хуб таъминанд. Онҳо дар парваришу нигоҳубини дарахтону ғундоштани ҳосил саҳм мегиранд.  Маҳмаёр Холов мегӯяд, ки дарахт ҳам мисли инсон аст, агар онро нек нигоҳубин кунӣ, ҳосили хуб медиҳад.
М. Холов дар масоҳати 2 гектар 270 ниҳоли себ шинонда, боғзорро бунёд намудааст. Соли гузашта  25 тонна ҳосил ба даст омад, ки 3 тоннаи онро ба ятимону оилаҳои ниёзманд тақсим кардааст. Имсол  бошад, зиёда аз 40 тонна ҳосил  ҷамъоварӣ шуд, ки 7 тоннаи он ба қисмҳои ҳарбию оилаҳои ниёзманд расонда шуд.
Ӯ, инчунин, аз даромади имсолааш бо харҷи беш аз 8 ҳазор сомонӣ роҳи деҳаи Дурахшонро, ки онро ба маркази ноҳия мепайвандаду солҳои зиёд хароб буд, таъмир намуд.
Маҳмаёр Холов ният дорад, ки боз дар як гектар замин боғ бунёд намояд. Дар боғи нав дарахтони гуногун, аз қабили себ, зардолу, нок, шафтолу шинонданианд. Ӯ ҳар лаҳза ин панди бузургонро гирди забон мегардонад: “Дигарон коштанду мо хӯрдем, мо мекорем, то дигарон бихӯранд”. Иҷрои амалҳои хайрро қарзи шаҳрвандии хеш мешуморад ва меояфзояд: Ҳар яки мо бояд баҳри ободу зебо гардондани манзилу маҳали зисти хеш ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамон талош варзем».
Зикрулло РАҶАБ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 395
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед