logo

порлумон

ПОРЛУМОН. СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки  осиёии рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» ба тасвиб расид.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 9 октябри соли 2018 дар шаҳри  Душанбе ба имзо расида, маблағи умумиии ҷалбгардида 11 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 10 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд ва 1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ташкили механизми устувор ҷиҳати идораи хавфҳои офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани идораи хатарҳои офатҳои табиӣ дар муассисаҳои давлатӣ, таҳияи харита барои сармоягузорӣ ва маблағгузории устувор баҳри идораи хавфҳои офатҳои табиӣ, ҳамчунин, таҳкими низоми идоракунӣ ва таҳсилоти касбӣ пешбинӣ шудааст.
Вазири молия зикр кард, ки яке аз қисматҳои асосии ин лоиҳа баҳисобгирии пиряхҳо омӯзиш ва омода намудани ҳисобот вобаста ба ҳолати пиряхҳо дар кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки он аз дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Зикр гардид, ки бо таҳия шудани харитаи пешгирии ҳолатҳои офатҳои табиӣ ба ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ заминаи устувор фароҳам ва минбаъд барои хариди таҷҳизоту техника баҳри рафъи офатҳои табиӣ равона мегардад. Лоиҳа аз соли 2019 оғоз шуда, соли 2024 ҷамъбаст хоҳад шуд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 191

20.05.2019


 "ФОРМУЛА – 55". ЯК ИҚДОМИ НАҶИБ

 ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН: МУНТАХАБҲОИ ИШТИРОКЧӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

 ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ" ПЕШСАФИ ЯГОНА

 ДАР НАЗДИ АҲРОМҲОИ МИСР ТАРКИШ БА АМАЛ ОМАД

 ВАКИЛИ РАДАИ ОЛӢ ТАЛАФОТИ УКРАИНАРО АЗ КОҲИШИ СОДИРОТ БА РОССИЯ $80 МИЛЛИАРД ШУМУРД

 ГУФТУШУНИДИ ТИҶОРАТИИ БАЙНИ ИМА ВА ЧИН БОЗДОШТА ШУД

 НАТИҶАИ «ЕВРОВИДЕНИЕ - 2019» - РО МЕТАВОНАНД БЕКОР СОЗАНД

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед