иҷтимоиёт
ДОРУСОЗӢ. АЗ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА ПУРСАМАР ИСТИФОДА БАРЕМ
Минтақаҳои доманакӯҳи Тоҷикистон на танҳо ҷойҳои сайру саёҳат ва истироҳату табобатии зиёд доранд, балки дар онҳо садҳо намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки аксари онҳоро метавон дар дорусозӣ ва гиёҳдармонӣ васеъ истифода бурд. Аз сарчашмаҳо пайдост, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки коркард ва инфрасохтори муносиб мехоҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (22 декабри соли 2017) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ – обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо бисёр мувофиқ мебошад”.
Ҳоло дар кишвар 32 корхонаи хурди дорусозӣ фаъолият карда, 240 номгӯи маводи дорувориро истеҳсол мекунанд. Дастгоҳҳои замонавӣ барои коркард ва истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ фаъол мебошанд. Ҳоло даҳ намуди гиёҳчой: пудина, гули бобуна, субинак, чойкаҳак, сӯзанкаҳ, чачрақӣ истеҳсол шуда, ба дорухонаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешаванд.
Барои истеҳсоли гиёҳҳои дармонбахш технологияи мураккабу гаронарзише лозим нест. Роҳи омода карданашон ҳам камхарҷ мебошад. Аксари кишварҳои пешрафта гиёҳҳоро на танҳо барои омода кардани доруворӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни поккорӣ, собун, атр, гулоб, хокаҳои гуногуни дандошӯӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд. Махсусан, дар Чин гиёҳдармонӣ рушд намудааст. Молу маҳсулоти ин кишвар, аз ҷумла гиёҳчойҳои чинӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ мавриди истифодаи мардум қарор доранд. Ин хуб аст, аммо, вақте ки сарзамини худамон чунин гиёҳҳо зиёд дораду дар гузашта низ мактаби бузурги гиёҳдармонӣ доштем, бояд худамон онҳоро истеҳсол кунем.
Дар баробари таҳкими истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш мардум аз хариди дорувории гаронарзиши хориҷӣ даст хоҳанд кашид.
Мо аз имкониятҳое, ки фароҳам омадаанд, бояд самаранок истифода барем. Махсусан, аз соли 2018 воридоти технология барои корхонаҳои дорусозӣ аз андози арзиши иловашуда пурра озод гардиданд, ки боиси хушнудӣ ва кору пайкорҳои нав мешавад.
Бадриддин НИМАТОВ,
омӯзгори гимназияи “Кафолат”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2018 №: 255 Мутолиа карданд: 449