logo

иҷтимоиёт

СУҒД. РОҲҲО ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАНД

- Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» дар мувозинаи худ нигаҳдории 3211,6 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва иншооти онро ба уҳда дорад. Аз ин роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ қариб 460 километр,  ҷумҳуриявӣ 43,8  километр ва  маҳаллӣ 2338 километр мебошад. Ҳамчунин, пулҳо 506 ва лӯлаҳои обгузар 587 ададро дар бар мегиранд, - гуфт Ҳоҷарой Латифӣ, директори муассиса.

Дар доираи корҳои анҷомёфта ҳаҷми роҳҳои асфалтпӯши вилоят ба 1170 километр расидааст. Имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар шаҳри Исфара 6,4 километр, ноҳияҳои Мастчоҳ 5,3,  Ашт 5,4 ва   Деваштич  5,5 километр роҳ таъмир гардид. Ҳамзамон, дар масири автомобилгарди Бӯстон - Комсомоли ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи қариб 437 ҳазор сомонӣ роҳ мумфарш шуд.
Дар маҷмӯъ, соли равон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 2369,74 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Аз ҷониби муассисаҳои роҳдории шаҳру ноҳияҳои вилоят маводи зидди лағжиш 179 метри мукааб, ангишт 4,4  тонна ва сӯзишвории дизелӣ 3360 литр сарф карда шуданд. Тамоми 102 механизми роҳдорӣ ва воситаҳои нақлиёт барои мавсими зимистон омода шуда,  хонаҳои устои роҳ ва дамгирии коргарон баъди таъмир мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Тибқи нақша маводи зидди лағжиш дар ҷойҳои махсуси роҳҳои автомобилгард, мавзеъҳои хатарнок ба миқдори зарурӣ интиқол дода шудаанд.
Роҳбарият ва кормандони соҳа бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи хеш саъй доранд, ки мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 - ро дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар сатҳи зарурӣ гузаронда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро тавассути роҳҳои автомобилгарди минтақа  таъмин намоянд.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 307
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед