иҷтимоиёт
АБДУЛМАННОН НАСРИДДИН СУХАНШИНОСИ НОМВАР
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба фаъолияти илмиву омӯзгории донишманди шаҳир, доктори илмҳои филология, профессор Абдулманнон Насриддин конфронси илмиву адабӣ таҳти унвони «Суханшиноси номвар ва устоди беназир» баргузор гардид.
Абдулманнон Насриддин соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо осори илмиву адабии худ дар рушди адабиёт саҳми носутурданӣ гузоштааст. Номбурда на танҳо дар ҷодаи суханшиносӣ, балки дар тавсеаи афкору ахлоқи ҷомеа ба самти беҳин нақши бориз дошт.
Дар мавзӯи “Аҳамияти осори матншиносии Абдулманнон Насриддин дар тасҳеҳу танқеҳи адабиёти ӯзбек” Ваҳҳоб Раҳмон, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан ронда, изҳор дошт: «Дар заминаи китоби “Матншиносии осори адабӣ” - и устод Насриддин мо дар Ӯзбекистон осори ӯзбекии адибонро тасҳеҳ ва танқеҳ менамоем. Яъне, ин асари Абдулманнон Насриддин дар матншиносии осори адабии забонҳои дигар, аз ҷумла пешрафти адабиётшиносии муосири ӯзбек, судманд аст.
Ба андешаи адабиётшинос, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад А. Насриддин аз зумраи он донишмандони пуркоре буд, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни суханшиносӣ саҳми шоиста гузоштааст. Чашмандози илмии ӯ васеъ буда, ҷанбаҳои гуногуни улуми адабиро, мисли фарҳангшиносӣ, шарҳнигорӣ, матншиносӣ, луғатшиносӣ, нақди тарҷумаву тафсир аз нигоҳи суханшиносӣ фаро мегирад. Хидмати равоншод, бавижа дар баррасии масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти ғаниву бостонии тоҷику форс ва намояндагони барҷастаи он хеле назаррас аст. Аз миёни онҳо, беш аз ҳама, таваҷҷуҳи ӯро бунёдгузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷалб намудааст.
Суханронии илмии Шарифмурод Исрофилниё, доктори илмҳои филология дар мавзӯи “Ҳофизи Шерозӣ дар таҳқиқи Абдулманнон Насриддин” ба масъалаҳои шарҳи осори адабӣ, ки як самти фаъолияти А. Насриддин маҳсуб меёфт, бахшида шуд. Мавсуф зикр кард, ки мавзӯи таҳқиқоти илмии А. Насриддин “Проблемаи маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик” буд. Дар маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ бештар аз 700 мақолаи олим роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти форс - тоҷик, поэтика, текстология ва фарҳангнигорӣ ба табъ расидаанд. Маҳсули тадқиқи бисёрсолаи шарҳҳо асари бунёдии ӯ “Шарҳнависӣ дар таърихи адабиёти форс - тоҷик” дар ду ҷилд ба шумор меояд.
Дар хотимаи конфронс муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рухсора Давлатзода як силсила китобҳои илмиву адабӣ, аз ҷумла осори ҳаштҷилдаи А. Насриддинро ба китобхонаи ноҳия ҳадия намуд.
Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 502