logo

иҷтимоиёт

ДУ ҚАҲРАМОНИ ЯК РУСТО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём таъкид месозанд, ки ҷавонони мо бояд аз таъриху тамаддуни гузаштагони худ огоҳ бошанд ва ба қадри бунёдкорию ободонӣ ва созандагии волидон, ки баҳри ояндаи шукуфон ва рушду нумӯи сарзамини аҷдодиамон саҳми боризи худро гузоштаанд, бирасанд ва ҳамеша онро пос доранд.
Ба хотири қадршиносӣ ва тарбия намудани наврасону ҷавонони даврони истиқлол дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мо тасмим гирифтем, ки аз рӯзгори ибратомӯзи ду қаҳрамон, ки аз як деҳаанд ва баҳри ободии водии зарнисори Вахш корнамоиҳои назаррас намудаанд, қисса намоем. Онҳо Сафар Солиев ва Қурбонмурод Холов мебошанд.
Айёми наврасии онҳо дар деҳаи Ёваи ноҳияи Даҳанакиик (ҳоло Хуросон) паси сар гардидааст. Аз зумраи нафароне мебошанд, ки дар обёрии заминҳои синабирёни асрҳои аср бекорхобида ва ташналаби водии Вахш, ки миёнаҳои солҳои 30 - юми қарни гузашта сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ эълон гардида буд, саҳми бориз  гузоштаанд.
Ордену медалҳо, ки дар сари синаи ин фотеҳони Вахшонзамин ҷилвагаранд, бозгӯи онанд, ки ҳар ду ҳам аз заҳматҳои деҳқонии худ, ки дар рӯёндани ҳосили рекордии пахтаи маҳиннах шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд ва ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор гардидаанд.       
Ҷавони чусту чолок Сафар Солиев аз рӯзҳои аввали ба водӣ омадан, бо аҳли оила ва хешу ақрабои худ аз субҳ то шом замини туғайзору регзорро тоза ва ба кишт омода менамуд.
Дар соли аввали саркориаш ӯ тавонист аз пунбадонаи дарознах ҳосили дилхоҳ рӯёнад. Сипас, солҳои баъдӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҳосили «тиллои сафед»-ро то 40 - сентнерӣ расонд. Оҳиста - оҳиста мардуми зарофар соҳиби хонаю ҷой, мошинҳои сабукрав гаштанд. Симои деҳаи Қизил - Қалъа низ ба кулли тағйир ёфт. Акнун бо ташаббуси саркор дар деҳаи мазкур клубу чойхона, сехҳои дӯзандагӣ, боғчаҳои кӯдакона ва мактабу бунгоҳҳои саломатӣ қомат меафрохтанд. Заҳматҳои шабонарӯзии деҳқони асил барабас нарафтанд. Ӯро ба вакилии Шӯрои Олии СССР интихоб намуданд.
Боиси ифтихори тамоми мардуми водӣ аст, ки тобистони соли 2016 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сафари  корӣ ба ноҳияи Хуросон ба деҳаи Қалъаи Сурх омада, ба хонаи Сафар Солиев ташриф оварда, аз саломатиаш пурсон шуда, туҳфа тақдим намуд. Ин иқдоми Пешвои муаззам барои худи ӯ ниҳоят хотирмону шарафманд буду мемонад.
Қаҳрамон Қурбонмурод Холов аз соли 1952 то соли 1983 зиёда аз 30 сол сардори шуъбаи 5-уми совхоз-техникуми ба номи Куйбишевро ба уҳда дошта, заминҳои кишти пахтаро аз 50 - 60 гектар то ба 1000 гектар расонд. Бо панҷ бародари ҳамтанаш Ашӯрқул, Чорибой, Одинамаҳмад, Шомаҳмад ва Гулмаҳмад аз дарёи пуртуғёни Вахш об бароварда, заминҳои урёнро шодоб намуд. Бо ташаббуси ӯ ва бо роҳбарии собиқ директори совхоз Юрий Дмитрович Воронин аз тарафи чапи дарёи Вахш ба деҳаи Қизил - Қалъа оби ошомиданӣ баровард. Албатта, заҳматҳои кашидаи ин абармарди Вахшонзамин аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ қадршиносӣ гардидаанд. Соли 1980 бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардид. Боиси ифтихор аст, ки ин марди хоксору фурӯтан давоми фаъолияти пурсамари 60 - солааш садҳо марди майдонро тарбия намуд.
Деҳқони асил Қурбонмурод Холов ҳоло дар қайди ҳаёт нест, вале кори неку номи некаш дар дилу дидаҳо ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.    
М. МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 357
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед