logo

иҷтимоиёт

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Дар Маҷмаи лижаронию сайёҳии «Сафед - Дара» - и ноҳияи Варзоб ҷаласаи ҷамъбасти солонаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон доир гашт.

Дар кори он Заррина Ҳоҷиева, раиси кумитаи мазкур, Нигора Назарзода, муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Лолахон Сатторӣ, раиси иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони иттифоқҳои касабаи идораю муассисаҳо иштирок доштанд.
Заррина Ҳоҷиева иброз дошт, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими сол ин барқарор шудани  муносибатҳои ҳамсоягии тоҷикон ва ӯзбекон буд, ки саҳифаи наву рангинро дар ҳаёти мардуми ҳар ду кишвар боз кард. Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санадҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Яке аз онҳо Меморандум байни иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ташкилотҳои ҳамузви федератсия барои иҷрои бандҳои ин санади муҳим саҳми сазовори худро гузошта истодаанд.
 - Дар ин давра ба аъзои иттифоқи касабаи соҳа кумакҳои моддӣ дар ҳаҷми қариб 93000 сомонӣ, мукофотпулиҳо ба фаъолони иттифоқи касаба ба маблағи 19530 сомонӣ, инчунин, 299 роҳхат ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд, ки маблағӣ умумии онҳо наздики 350 ҳазор сомониро ташкил дод. Хурсандиовар аст, ки дар ҷашну маросимҳои давлативу суннатӣ 79 нафар фаъолони иттифоқи касаба бо ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии  Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд, - қайд кард Заррина Ҳоҷиева.
Зикр гардид, ки солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаро ҷоннок намуда, тамоми малакаю истеъдоди худро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани  чорабиниҳои муҳими кишвар  равона созанд. 
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 176

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед