logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ. КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳа бамаротиб афзуда, садҳо муассисаи нав бунёду навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштанд. Дар ин радиф, дар вилояти Суғд иншооти зиёди соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ низ беҳтар гашт. Вале, ҳанӯз ҳам як қатор мушкилиҳое мавҷуданд, ки ба рушди соҳа монеа эҷод кардаанд.
Пешвои миллат моҳи июни соли сипаригардида дар мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят аз нокифоя будани таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор сохтанд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар се соли оянда ҷиҳати бунёди чунин муассисаҳо чораандешӣ намоянд.
Бо дарназардошти ин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду навсозии 458 иншооти соҳа бо маблағи беш аз 208 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Айнию Ашт 29 марказ ва бунгоҳи саломатӣ бунёд ёфта, бинои нави шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, шумораи зиёди муассисаҳои тиббии вилоят таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гардиданд.
Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилоят, иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо назардошти  иқтидори кадрӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофии маҳал ва шумораи аҳолӣ барои ташкили катҳои таваллуд бо роҳбарияти муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешида истодаем. Имсол дар деҳаи Хӯҷаободи Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар заминаи марказҳои саломатии Навгарзан, Гулдара ва Зарчашмаи шаҳри Гулистон 2 катӣ ташкил шуда, катҳои таваллуди марказҳои саломатии деҳаҳои Равот ва Миндонаи  шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд. Дар деҳаҳои Росровут, Метк ва Овчии ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои алоҳида, дар маҷмӯъ, барои 15 кати таваллуд дар назар аст. Ҳамзамон, чунин биноҳо дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Истаравшан,  Гулистону Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ бунёд мегарданд, ки вазъи инфрасохтории соҳа беҳтар хоҳад гашт.
Мушкилии ҳалталаби дигари соҳаи тандурустии вилоят нарасидани мутахассисон мебошад. Бо вуҷуди он ки дар вилоят 5025 табиб ва беш аз 16 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд, таъмини муассисаҳо бо мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла, табибони оилавӣ, эҳёгарон, силшиносон, равоншиносону ренгенологҳо аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳа арзёбӣ мегардад. Норасоии кадрҳо бештар дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба мушоҳида мерасад. Роҳбарияти вилоят барои бартараф намудани проблемаи ҷойдошта ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалб ва ҳавасмандсозии мутахассисони ҷавон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзили зист ё ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва додани дигар имтиёзҳо мактуб ирсол намуд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ин масъала ҳалли худро меёбад.
- Роҳбарияти вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки бойгарии миллат аст, диққати махсус медиҳад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар давраи зимистонгузаронии солҳои 2018 – 2019 як қатор муассисаҳо, аз қабили марказҳои саломатии ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ба шабакаи гармидиҳии ягона пайваст гардиданд. Ҳамчунин, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба монанди гепотитҳою вируси норасоии масъунияти одам ва сил дар марказҳои саломатию ҳуҷраҳои стоматологӣ мунтазам ташхисҳо гузаронда шуда истодаанд, ки барои кам шудани чунин бемориҳо мусоидат хоҳанд намуд. Яъне, ҳамаи кӯшишҳо бар он равона гардидаанд, ки мушкилиҳои соҳаро давра ба давра бартараф сохта, сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардорем, - гуфт Ф. Мақсудзода.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 190

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед