logo

Хабарҳо

Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

Бори аввал дар таърихи авиатсияи тоҷик ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Шарм-уш-шайхи Миср парвози чартерии мустақим анҷом дод. Аввалин  168 нафар мусофирони хатсайри мазкур тариқи ҳавопаймои Боинг 737 – 800 аз ҷониби директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва муовини директори ширкати «Сомон Эйр» Суҳроб Ҷӯраев ботантана гусел карда шуданд.

Ба гуфтаи Икром Субҳонзода, директори агентӣ, парвозҳо аз Душанбе ба ин самт ҳар 10 рӯз як маротиба иҷро гардида, вақти парвоз 5 соат аст. Ширкати сайёҳии «Компас» фармоишгари хатсайри чартерии Душанбе-Шарм-уш-шайх буда, намояндагии онро дар Тоҷикистон ширкати «Трансавиа Экспресс» ба зимма дорад. Вусъат додани робитаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва маъмурияти авиатсионии кишварҳои дуру наздик барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти соҳа, хусусан бо таҷдид ва азнавсозии фурудгоҳҳои байналмилалӣ,  шароити мусоид фароҳам оварда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ҳоло Агентии авиатсияи гражданӣ бо 26 кишвари дуру наздик, аз ҷумла 9 кишвари ИДМ, 5 кишвари Аврупо ва 12 кишвари Осиё, созишномаи ҳамкорӣ дошта, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 33 самти  10 кишвари дуру наздик - Ҷумҳурии Мардумии Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон иҷро гардиданд. Тибқи нақша, давоми соли 2019 парвозҳо ба шаҳри Сеули Корея, Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, Мински Ҷумҳурии Беларус ва аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба роҳ монда мешаванд.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 142

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед