logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2017, № 1469 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 11, мод. 781: с. 2018, № 2. мод. 63, № 3, мод. 161, № 6, мод. 446) қисмҳои 15 ва 16 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
16. Дар  соли 2018 воридоти дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои маҷмааи «Нишони давлатӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2019, № 1587

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2018, № 1258

 

Қ А Р О Р И
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ 
ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи таъйин кардани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1 рӯзи    4 марти соли 2019 таъйин карда шавад. 

Раиси Комиссияи марказии  интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Б. ХУДОЁРЗОДА 
      
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон М. АЗИЗОВА
шаҳри Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 305

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед