logo

иқтисод

САДА ҶАШНИ КИШОВАРЗИСТ

Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҷашнҳои суннатии аҷдодони моанд, ки рӯзгори ҳамешагӣ, фалсафаи ҳаёт, афкору ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хислатҳои равонии ҷомеаро таҷассум карда, дар мавсимҳои дигаргуншавии табиат, ки бо зиндагии созандаи кишоварзон иртибот доранд, ҷашн гирифта мешаванд.

Дар баробари ҳама ҷанбаҳои ибратбахш Наврӯз, Меҳргон ва Сада, пеш аз ҳама, ҷашнҳои кишоварзӣ, ҷашнҳои ихтироот, ҳосил ва кашфи оташанд, ки ба шарофати онҳо аҳли башар олотҳои кишоварзиро мукаммалу ҳосили зироатҳоро фаровон гардондаанд. Агар мо санаҳои таҷлили онҳоро тибқи тақвими мелодӣ дар тақвими даврӣ бо нуқта ишора намоем ва он нуқтаҳоро бо хати рост бо ҳам бипайвандем, себурҷае пайдо мешавад, ки ҳар хати он давраҳои гуногуни долу зарби корҳои саҳроиро ифода менамояд: Сада - омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз - киштукори баҳорӣ ва нигоҳубини зироат ва Меҳргон - ғунучини ҳосил, коркарди аввалияи он ва ҷамъбасти натиҷаи ҳама давраҳои фаъолият мебошад.
Сада яке аз  ҷашнҳои бошукӯҳи ниҳоят қадими аҷдодии мост, ки пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мекарданд. Перомуни маъно, муҳтаво ва сабабҳои пайдоиши ин ҷашн ривояту нақлҳои фаровон ва ҳатто мухталиф мавҷуданд, аммо хулосаи қатъӣ он аст, ки  Сада нишон аз меҳрпарастӣ,  арҷгузорӣ ва  иззат  ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанӣ мебошад.
Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва арзишҳои дигари волои фарҳанги миллӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора зинда ва таҷлил мешавад ва ин иқдом, яқин, дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.
Ниёгони мо - ориёиҳо Садаро фасли зимистон ҳангоми оғоз ёфтани чилаи хурд мутобиқ ба 30 - юми январи соли мелодӣ (10 - уми моҳи Баҳман) ҷашн мегирифтанд. Вожаи “Сада” марбут ба рақами сад аст, яъне фосила аз аввали зимистон то даҳуми баҳман - ҷашни Сада 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯз ва 50 шаб будааст.
Ҷашни Садаро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ, алоқаманд донистан мутлақо хатост. Пайдоиши ҷашни Сада ба оташ иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар байни қавмҳои ориёӣ ривоят ва достонҳои зиёд дар бораи Оташ ва чи тавр пайдо шудани он мавҷуданд ва роиҷтарини онҳо ривояти Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мебошад. Тибқи он, ҳангоми шикори шоҳи пешдодӣ Ҳушанги номвар мори сиёҳ намудор мешавад. Ӯ сангеро гирифта, ба ҷониби он мор мепартояд, аммо он ба мор намерасад, балки ба санги дигар бармехӯрад ва аз он оташак парида, хасу хошоки гирду атроф оташ мегирад. Оташ забона мезанад ва мор мегурезад. Ҳушанг мегӯяд: «Ин шуоъ фурӯғи Худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва парастем». Дар «Шоҳнома» омадааст:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Баъзе сарчашмаҳо пайдоиши ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон ва баъзе ба Каюмарсу Исфандиёр мутааллиқ медонанд. Унсурӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳон Ҷамшеду Фаридун нисбат медиҳад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Маросими бузургтарини ҷашни Сада афрӯхтани оташ дар шаби даҳум ба ёздаҳуми баҳманмоҳ (30 ба 31 – уми январ) аст. Тибқи нигоштаи Абурайҳони Берунӣ, мардум ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, Садаро ҷашн мегирифтанд, хушбӯиҳо бухор мекарданд, то аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад. Яке аз вижагиҳои Ҷашни Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯйи анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд, то ки зудтар оташ афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.
Ҷашни Сада дастархони ба худ хосе дошт, ки асосан аз мошу кичирӣ, лӯбию нахӯд, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дуғ,  ҷӯшӣ, умоч, кочӣ ва ғайра иборат буд.
Баъзе аз олимон ба онанд, ки пайдоиши Ҷашни Сада ҷанбаҳои нуҷумӣ дорад. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани Ҷашни Садаанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам барҷоанд. Ин амал аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи  ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ҷашни аҷдодии Сада, ки мо дар арафаи он қарор дорем, барои мардум пайғоми аз байн рафтани зимистон, омадани баҳор, гармӣ ва намии хок мебошад. Садаро деҳқонон ҳамчун муждаи омад - омади Наврӯз дониста, ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегиранд. Дар ин муддат кишоварзон як зумра тадбирҳои агротехникию гидромелиоративӣ ва фитосанитарӣ, назири омодасозии тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, поксозии замину боғҳо, омодасозии мошинолоти кишоварзӣ барои киштукор, шудгор ва кишти зерзимистонаи зироатҳо, пошидани нуриҳо, тозагардонии заҳкашу заҳбурҳо, яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, нармкунии бехи дарахтон, мубориза бар зиди ҳашарот ва касалиҳо, нигоҳдории барф ва захираи намӣ, хокпошӣ, захира намудани сӯзишворӣ ва нуриҳои минералию органикиро анҷом медиҳанд.
Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ  аз дурдонаҳои бебаҳои  фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад».
Ифтихор дорем ва шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз ба  шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои Пешвои муаззами миллат ҷашнҳои миллӣ дубора эҳёву таҷлил мешаванд. Сада низ басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешавад ва бешубҳа, боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, хосса  насли наврас,  ба гузаштаи басо бою рангини илмию  фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.
Дар рӯзи Ҷашни Сада баргузории намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ хеле бамаврид аст. Хуб мешуд, ки дар ҷашнвора ҳамчун саҳнаи тарғиби мероси пурғановати аҷдодони хирадманди тамаддунофарамон ва дастовардҳои илмию инноватсионии технологияҳои парвариши зироатҳои кишоварзию чорво ва дастовардҳои пешқадамони амалияи истеҳсолоти кишоварзӣ тавассути намоиши натиҷаҳои онҳо мавриди истифода қарор дода шаванд.
М. САРДОРОВ,
М. САЙДАЛИЕВ,
омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 324
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед