logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ВАРЗИШ УМЕДБАХШАНД

Рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои авлавиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, дар тамоми манотиқи кишвар соҳаи варзиш беш аз пеш равнақу ривоҷ меёбад. Аз ҷумла, тайи ин солҳо дар шаҳри Кӯлоб низ дар ин ҷода пешравиҳо ба назар мерасанд.
Тавре  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ғиёсиддин Достиев зимни суҳбат иброз дошт, ҳоло дар шаҳр чор ҳавзи шиноварӣ, 165 майдонча ва 69 толори варзиш мавҷуд буда, дар баробари ин, толорҳои варзиши муассисаҳои таълимии оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр таъмиру навсозӣ гардиданд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушду нумӯи соҳа соли 2018 дар шаҳр 197 мусобиқа доир гардид, ки дар онҳо беш аз 55  ҳазору 900 нафар наврасону ҷавонон иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки дар баробари ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи варзиш масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулини шаҳр қарор дошта,  бо ин мақсад соли гузашта як силсила мусобиқаҳо, аксияҳои тарғиботӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва семинару тренингҳои маърифативу иттилоотӣ  баргузор шуданд. Аз ҷумла, ҷавонону варзишгарони шаҳр дар чорабиниҳои оммавии варзишӣ, зеҳнию маърифатӣ ва ҳамоишу мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои “Ҷавонон бар зидди терроризм”, “Артиши миллӣ ифтихори мо”, “Беҳтарин муҳофизи Ватан”, “Ҷавонон алайҳи ҷинояткорӣ”, “Нашъа ва зарари он ба ҷомеа” фаъолона ширкат варзиданд.
Натиҷаҳои тадбирҳои андешида буд, ки соли 2018 варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 187 медал (53 тилло, 49 нуқра ва 85 биринҷӣ) ба даст оварданд. Аз ҷумла, дастпарварони шаҳр Муҳаммад Ҳалимов, Фазлиддин Муродов, Мустафои Раҳмоналӣ, Умарҷон Назаров, Хизралӣ Каримов ва Сорбон Латифов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи намудҳои ҷиу - ҷитсу, киокушинкай ва самбо маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ҳоло дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳукумати шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёди инфрасохтори зарурӣ бо маром идома доранд. Соли 2018 дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни умумимиллӣ дар деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр шаш майдонча ва ду толори варзиш бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуданд. Айни ҳол аз тарафи соҳибкорон эъмори боз 11 иншооти дигар идома дорад, ки дар оянда, барои боз ҳам рушду равнақ ёфтани соҳаи варзиш мусоидат хоҳад кард.    
Бахтовар КАРИМ,
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 219
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед