logo

маориф

МАОРИФ ДАР САРГАҲИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Он бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд мекунад. Инро дар зиёд шудани шумораи медалҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ихтироъкорони наврас мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар ҳақиқат, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама бунёдкориҳо дар соҳаи маориф бешак ба рушди таълиму тарбия, донишандӯзии наврасону ҷавонон, омӯхтани техникаву техналогияи муосир ва забонҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд: «Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт”.
Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 1050 муассисаҳои томактабӣ бунёд мегардад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат сохта мешаванд. Дар чунин муассисаҳо ҳазорон навниҳолон – тифлакони дӯстрӯи мо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва барои хониши онҳо заминаи боэътимод гузошта мешавад.
Аз тарафи дигар, баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, ки дар рушди неруи инсонӣ саҳми асосӣ доранд, яке аз масъалаҳое буданд, ки дар Паём зикр гардид. Аҳли маориф яке аз қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа аст ва рушди маориф дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат эҳсос мешавад. Пас мо – омӯзгоронро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар таълиму тарбия, баланд бардоштани донишандӯзӣ, ватандӯстиву ифтихори миллии наврасону ҷавонон саҳми худро бештар намоем.
Сайёра НОЗИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 58 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 271

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед