logo

иҷтимоиёт

АСКАЛОН. МУСОИДАТИ РОҲСОЗӢ БА РУШДИ ДЕҲОТ ВА САЙЁҲӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ, дар дурдасттарин маҳалҳои ноҳияи Рашт низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд.

Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳия бо манзараҳои дилфиребу иқлими нарм барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ мусоид буда, сокинони заҳматпеша бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои ободу зебо гардондани ин гӯшаи биҳиштосои диёр саъю талош доранд.
Тавре Акмалиддин Тоиров, раиси Ҷамоати деҳоти Аскалон, иброз дошт сокинони ҷамоат дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мегиранд.
Ба гуфтаи ӯ, бошандагони деҳаҳои дурдасти ҷамоат аз даврони шӯравӣ инҷониб, фаслҳои зимистону тирамоҳ ва баҳор дар роҳҳои ҳудуди деҳот барои омадурафт то маркази ноҳия мушкилӣ мекашиданд. Ба наздикӣ, бо дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ ва ёрии сокинон, роҳи мошингарди мавзеи Бирҷон бо масофаи 3 км ба маблағи 23 ҳазору панҷсад сомонӣ ва роҳҳои дохили деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бо масофаи 27 км ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таъмир гардиданд. Таъмири роҳи мошингарди деҳаи Гулханӣ то маркази ноҳия бо саҳми аҳолӣ - тариқи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорон идома дорад.
Барои муассисаи таълимии деҳаи Кӯл, ки бинояш фарсуда шудааст, аз тарафи аҳолии деҳа ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ таҳкурсии бинои нав рехта шуд.
Ҳамчунин, сохтмони пойдевори толори варзиш дар деҳаи Аскалон ба маблағи 10 ҳазору панҷсад сомонӣ аз тарафи ҷавонон ба анҷом расида,  се истгоҳ дар нуқтаҳои асосии роҳи мошингард ва чор иншооти зарурӣ дар шафати роҳҳо аз тарафи аҳолӣ ва саҳми соҳибкорони ҳудуди деҳот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
Ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва сарбозоне, ки дар даъвати навбатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд, дар маҷмӯъ, 24 тонна ангишт кумак расонда шуд.
- Имсол ба нақша гирифтаем, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳот - деҳаи Руноб як майдончаи варзишии замонавӣ бунёд намуда, ҳамаи роҳҳои дохилии деҳаҳоро таъмири асосӣ намоем. Зеро рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Аскалон ба таъмири роҳҳо вобастагии зич дорад, - гуфт Акмалиддин Тоиров.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 163

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед