logo

иҷтимоиёт

ЯК ЗЕРНАВИШТ БА ЯК СУРАТ

Бар асари истифодаи қувва ва зурӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зери фишори неруву унсурҳои бегона, амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ман ин суратро чандин сол боз пеши назар дорам. Ва ҳам он дар зеҳну вуҷудам сахт нақш бастааст. Дар хобҳоям низ зуҳур мекунад.
Сахттарин дил ҳам  бо дидани он  ба дард меояду об мешавад. Албатта, ба ҷуз дили нафароне, ки боиси марги иҷбории ӯ, ин як кӯдаки маъсуму бегуноҳ шуданд.
Вуҷуди аксар мардуми сайёра бо дидани ин сурат ба ларза омад ва бештару беҳтар дарёфтанду дарк намуданд, ки ҷанг, терроризм, экстремизм чи даҳшатеро дар пай дорад.
Баҳр ӯро ба соҳил афканд. Метавонист маҳв бикунад ва ё аз дидаҳо барои умре ниҳонаш бидорад.
Баҳр ӯро ба соҳил афканд, то моро боз як бори дигар ҳушдор бидиҳад, ки бархе аз одамон аз асолати инсонии худ дур шудаанду рисолаташонро аз ёдҳо бурдаанд.
Баҳр ӯро ба соҳил афканд, то бар мо бигӯяд, ки ҳатто дарандатарин ҳайвонҳои обӣ нахостанд ин кӯдаки бегуноҳро туъмаи худ қарор бидиҳанд.
Кӯдаке буд, ки намедонист ҷанг чист ва марг чӣ гуна чеҳра дораду ба суроғи одамон ба чӣ рангу кай меояд.
Кӯдаке буд, ки дар вуҷуду фаҳми худ аз ваҳшату даҳшат бехабар.
Дунёяш бас зебову рангин маҳсуб мешуд.
Дидораш, гуфтораш ба чашмҳо рӯшаниву ба дилҳо гармиву фараҳ мебахшид.
Кӯдак дур аз зодгоҳ, дур аз ватан, дур аз ҳамсолони худ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Баҳр ҳам аз марги ӯ ба хурӯш омад. Ва кӣ медонад то кадом замону даврон ҳар рӯз сад бор дар худ мегиряду мемирад?
Дар асре, ки инсон ба кайҳон меравад ва ҳам то ба ҳафтум осмон парчами илмро парафшон мекунад, бархе аз одамону гурӯҳҳо оташи ҷангҳоро бештар меафрӯзанд ва терроризму экстремизмро дар тамоми сайёраи Замин густариш додан мехоҳанд. Қатли инсонҳои бегуноҳ, кӯдакони пок ва афкандани даҳшатҳои гӯшношунидро барои худ шараф медонанду василаи зиндагии беҳтару ҷамъ овардани зару моли бештар.
Ин як кӯдак шояд мехост дунёро ободтару зеботар, мардумро донотару доротар бубинад ва дар он ҳама саҳм бигузорад. Оре, чун бузург бишавад. Чи дилҳое барои ӯ хун шуданд ва чи чашмҳое барои ӯ ашк рехтанд.
Бо чи шодмониву фараҳ либоси нав ба тан карда буд. Барои он ки зинда бимонад, шодиву фараҳаш аз миён наравад, ҷангро надонаду оқибати бади терроризму экстремизмро набинад, аз зодгоҳ, аз корзор мехостанд дураш бибаранд. Пиндоштанд, ки ба иҷрои ин мақсади некашон ноил мешаванд. Шояд аз ёд бурданд, ки асари бади ин падидаву зуҳуроти номатлуб дар ҳар гӯшаи дунё мерасад.
Барҳақ онро Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ба силоҳи ҳастаӣ монанд карданд, ки агар истифода бишавад, ҳеҷ касро зиндаву саломат намегузорад.
Мо танҳо сурати як кӯдаки маҳрумшудаи зиндагиро дар ғарибиҳо дидем. Чунин кӯдакон ба ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи дунё мемиранд, ки сабаби фавташонро агарчи ҳам ташнагиву гушнагӣ  ва оворагӣ аз диёру ватани худ меҳисобанд. Дар асл, аммо сабаби фавташон густариши ҷангу ривоҷи терроризму экстремизм дар шаклҳои гуногун мебошад.
Мо бояд ба василаи чунин суратҳо оқибати ин зуҳуроти фалокатборро ба мардум  нишон бидиҳем.
Мо бояд бигӯем, ҳушдор бидиҳем, ки дар ҳеҷ сурат фарҷоми ҷангу амалҳои террористиву экстремистӣ нек набуд, нест ва нахоҳад шуд.
Мо бояд бо шинохти асолату рисолати инсонӣ монеи ривоҷу паҳншавии ин вабои аср бишавем.
Мо бояд чеҳраи аслии ин ҷангҷӯёну манфурони даврро ба мардум, хоса ҷавонон, ки фирефтаи онҳову ваъдаҳои бардурӯғашон мегарданд, нишон бидиҳем. Ва ҳам бифаҳмонем, ки чӣ мақсадҳои нопоку ғаразҳои бад доранд.
Мо бояд бигӯем, ҳушдор бидиҳем, ки ин зуҳуроти фалокатбор бо роҳҳову усулҳои гуногун имкон пайдо карда, ки қариб вориди ҳар як  хонадон бишавад.
Агар бо шинохти тамоми масъулият ва истифодаи ҳама гуна донишу неру, ақлу хирад монеи ривоҷу  густаришашон намешавем, нахуст худ ва баъд тамоми мардуми дунёро ба ҳалокат рӯ ба рӯ месозем. Ва он гоҳ сайёрае бо номи Замин дигар арзи ҳастӣ намекунад.
Оре, ин рӯзгори хуш, амният, истиқлол, Ватан, сарзамини аҷдодӣ низ аз дастамон меравад.
Агар ҳам Пешвои миллатамон ба таъкид ба мо иброз медоранд: «Равандҳои муассири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният,  ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем», танҳо ба ин хотир аст. Охир, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо «ҳанӯз солҳои 90 – уми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронд ва дар ин раҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд…». Ва ҳам бар асари бади он 55 ҳазор кӯдак ятим монд.
Вазъи сиёсии сайёра дар ду – се соли оянда, ба таъкиди Сарвари давлат, мураккабтар мешавад. Ин таъкид моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзи худ, кишвари азизамон, истиқлолият, давлату миллат ва дигар арзишҳои басо муҳим омода бошем.
Воқеан, ҷаҳон то аз ин зуҳуроти фалокатбор пок нагардад, он зеботару ободтар намешавад, балки зишт меояду вайронатару харобтар мешавад. Ва ҳам дар тамоми гӯшаи он ҳатто умеди амният, осоиштагӣ аз дасти мардум меравад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 166

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед