logo

иҷтимоиёт

ЧАРЛЗ ДАРВИН ТАБИАТШИНОСИ БУЗУРГ

Пайдост, ки инсон бо табиат робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳаёти инсониятро бе он тасаввур кардан нашояд. Табиат омили асосии ҳаёти осоиштаи мо низ ҳаст. Қатъи назар аз наздик будани инсон бо табиат ҳазорон уқдаи бознашудаи олами пурасрор мавҷуд аст. Онҳо барои боз намудани равзанаҳои  илму дониш  ба мо мадад мерасонанд. Маҳз бо нури хиради олимони соҳаи табиатшиносӣ дар ин самт кашфиёти нодир ба миён меояд.
Табиатшиноси бузурги англис Чарлз Дарвин аз шумори он донишмандонест, ки дар илми биология  ба дарёфти падидаҳои нав ноил гаштааст. Маҳз бо ибтикори ӯ нахустин маротиба китоби «Зоология» дар 5 қисм (солҳои 1839-1843) ба чоп расид. Дарвин дар асоси тадқиқоташ хулоса баровард, ки намудҳои ҳайвонот ва рустаниҳо доимӣ нестанд.
Ӯ соли 1859 асари дигареро бо номи «Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ» иншо мекунад. Тавре ки аз мутоилиаи асар бармеояд, навъҳои гуногуни рустанӣ ва ҳайвонот бо муҳит  мувофиқ мегарданд. Дарвин соли 1871 оид ба назарияи таҳаввул асари машҳури худ - «Пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ» - ро  нашр намуд.
«Ба андешаи ман  дар як ҳолат қарор доштани табиат имконнопазир аст. Ҳодисаҳои табиат новобаста аз хоҳиши мо ба  амал меоянд. Вале инсон қодир аст, ки бо неруи бузурги ақл табиатро ба манфиати хеш истифода барад. Эҳёи табиати рангин калиди дари хушбахтии мост. Зеро  танҳо илму дониш ва ҳунари асил  инсонро ба қуллаи мурод мерасонанд», - гуфтааст олими бузург.
Илми табиатшиносӣ дар ҳифзи сарватҳои бебаҳои олам нақши муассир дорад. Маҳз бо дастури олимони соҳа  олами табиат  умри дубора касб мекунад. Мутаассифона, дар баъзе мамолики дунё аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ сарвати бебаҳои табиат бераҳмона ғорат мешаванд.
Дарвин дӯст доштани олами набототу ҳайвонотро талқин намуда, онро боиси зебоӣ ва хушбахтии инсон медонад.
Натиҷаи  корҳои  илмии Ч. Дарвин дар  муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор доранд. Олимони тоҷик дар такя ба кашфиёти нодири донишмандони олам  сеҳри табиати афзункорро омӯхта, зина ба зина ба қуллаи фатҳ наздик мешаванд.
Аз ин андешаҳо хулоса бармеояд, ки инсон набояд нисбат ба табиат муносибати сард  дошта бошад. Дар акси ҳол  табиат барояш  бадбахтиҳои зиёдеро ба бор меорад.
Мо аз он меболем, ки Тоҷикистони азизи мо  ҳам табиати нотакрор дорад. Ҳар сол  садҳо сайёҳон барои ошноӣ ба табиати рангини диёри мо ба Тоҷикистон меоянд. Сокинони кишвари мо бошанд, аз табиати бою зебои Аврупо дидан намуда, ҳаловат мебаранд.
Дар ҳақиқат, олами зебоӣ ва санъат сарҳад надоранд.
Лола ЛУТФИШОЕВА, 
омӯзгори фанни биологияи  МТМУ  № 41 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 402
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед