logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА ДАР БОРАИ ҚАБРИСТОНҲО

Назорати риояи қонунгузории замин яке аз самтҳои афзалиятноки кор дар соҳаи мақомоти прокуратураи шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад. Зимни санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт як қатор ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо ошкор шудаанд.
Дар муносибат бо оромгоҳ ҳолати ташвишовар дар маҳаллаи Зархез ба қайд гирифта шуда, дар ҳудуди он ба таври ғайриқонунӣ хона сохтаанд. Тибқи иттилои прокуратура сокини ноҳияи Кӯшониён Р. Талабшо ва сокини шаҳри Бохтар М. Холиқов дар оромгоҳи наздик ба чорроҳаи самти Кӯшониён - Вахш дар масоҳати 3 - сотихӣ бе ягон ҳуҷҷати дахлдор,  худсарона манзили истиқоматӣ бунёд карданд. Нисбат ба шахсони зикршуда бо моддаи 338 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шуда, суд ҳар кадоми онҳоро ҷарима бастааст. Ба ҷуз ин, онҳо уҳдадор гардиданд, ки ихтиёран заминро ба ҳолати аввала баргардонанд. 
Таҳлилҳои прокуратура ва дигар мақомоти салоҳиятдор нишон медиҳанд, ки оромгоҳҳои шаҳри Бохтар камбудиҳои зиёд доранд. Дар баъзе аз онҳо қоидаҳои муқарраргардида - шурӯъ аз доштани дафтари бақайдгирии фавтидагон то тартиби гӯрондан риоя намешавад.
Як мушкили дигари гӯристонҳо ин то ҳол ҳуҷҷатгузорӣ нашудани баъзе аз онҳо мебошад. Алъон аз 13 қабристони ҳудуди шаҳри Бохтар ҳарчанд 9 - тои он ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, ҳуҷҷати муайянкунанда надоранд.             
Назар ба маълумоти корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайри манқули шаҳри Бохтар,  то ҳол ягон оромгоҳи ҳудуди шаҳр сертификат ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ надорад. Далелаш он будааст, ки то ҳол раисони маҳаллаҳо барои мураттабсозии ҳуҷҷатҳои оромгоҳҳо дархост пешниҳод накардаанд. Ҳол он ки тибқи қоидаҳои муқарраргардида оромгоҳҳо бояд ҳуҷҷат, аз ҷумла сертификат, дошта бошанд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки беш аз 90 дарсади масоҳати қабристонҳои ҳудуди шаҳр истифода шудааст. Интизор меравад, ки бақияи онҳо ҳам дар 5 - 10 соли оянда пур мешавад. Мушкилоти имрӯза дар мазорҳо ин аст, ки  байни қатори қабрҳо роҳ барои рафтуомад мавҷуд нест. Ҳар кӣ хостааст, назди гӯри наздиконаш соябону нишастгоҳ гузоштааст. Сангҳо низ бо назардошти ҳаҷм, ранг ва хусусияташон аз ҳам фарқ мекунанд. Баъзеҳо атрофи гӯри наздиконашонро девор кардаанд.
Рӯҳониён пешниҳод менамоянд, ки минбаъд оромгоҳҳо дар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳои атрофи водии Вахш  бунёд шаванд ва заминҳои ҳамвору корами обӣ барои кишоварзӣ ё сохтмони иншооти ёрирасон истифода гардад ва ҳар ваҷаб замин самаранок истифода шавад.
Нигоҳубини оромгоҳҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» аз 25 январи соли 2017 зери назорати мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад. Аммо бепарвоии раисони маҳаллаҳо ва шахсони дахлдор сабаб шудааст, ки оромгоҳҳои шаҳри Бохтар то ҳол пурра ҳуҷҷатгузорӣ нашуда, дар баъзе аз онҳо тозагию тартиби гӯрондану нигоҳубини қабрҳо дуруст роҳандозӣ нагардидаанд.       
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 206

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед