logo

иҷтимоиёт

ХУДШИНОСӢ ВА РӮҲИЯИ МИЛЛӢ

Оила маконест, ки фарзанд ба дунё меояду ба камол мерасад. Дар оянда  узви комилҳуқуқи ҷомеа шуда, дар рушди он нақшу саҳми худро мегузорад. Аз хулқу атворе, ки кӯдак аз оила ёд мегирад ва шароите, ки барои таълиму тарбияи ӯ фароҳам оварда мешавад, фардо чи гуна инсон ба камол расиданаш вобастагӣ дорад.
Солҳои охир масъалаи пешгирии гавравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундрав ва бегонапарастии онҳо дар ҷомеа ҷиддӣ баррасӣ гардида истодааст, зеро ин ҷиҳат барои таъмини амният, субот ва пешрафти кишвар хеле зарур аст. Гуфтан ба маврид аст, ки заминаи амалҳои номатлуб аз тарбия маншаъ мегирад. Дар замоне, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат ҷараён дорад, дар тарбия номукаммалӣ ва ё фазои холиро роҳ додан нашояд. Аз ин рӯ, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи онҳо аз бегонапарастӣ омилҳое мебошанд, ки иртибот ба  амнияти кишвару давлат доранд.
Ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Онҳо вохӯриву суҳбатҳои зиёде бо намояндагони илму фарҳанг доир менамоянд. Ба волидайн таъкид мегардад, ки фарзандонашонро ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назорат баранд. Зеро бисёри онҳо ҳоло ба зарари интернет ва телефонҳои мобилӣ сарфаҳм нарафтаанд. Ҳамчунин, либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро сахт маҳкум намуда, аз таърихи ниёгон мисолу далелҳои муътамад меоранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷавонони имрӯз аз ҷавонони 30 сол қабл тафовути зиёд доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле васеъ аст. Вале онҳо аз шабакаҳои интернетӣ зиёд истифода намуда, бо нафарони андешаву назари мухталифдошта ҳамсуҳбат мешаванд. Дар натиҷа, баъзеи онҳо раҳму шафқат, инсонгарӣ, одобу ахлоқро гум карда истодаанд. Аҷибаш он аст, ки бештари онҳо имрӯз бо роҳи осон маблағ ёфта зиндагӣ кардан мехоҳанд. Ҷавонони наслҳои пеш мақсади кори хайр ё  савоб карданро дар ниҳод доштанд, ному асари нек мондан мехостанд. Баҳри ободию осудагии Ватан ҷонфидоию садоқатмандӣ нишон медоданд.
Имрӯз барои таълиму тарбияи дурусту самаранок тамоми шароитҳо муҳайёанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мактабҳои замонавӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ бунёд ёфта, кӯдакон бештар ба кӯдакистонҳо ҷалб шуда истодаанд.  Аммо ахлоқ рӯз то рӯз коста мешавад. Сабаб дар он аст, ки волидон ба одобу ахлоқи фарзандон камтар таваҷҷуҳ менамоянд. Бинобар ин, падару модаронро мебояд дар таълиму тарбияи дурусти фарзандони худ бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Дар баробари он ки фарзандонро ба литсейю гимназияҳои хуб медиҳанд, фарҳангу оини миллии оиладориву муқаддас доштани онро омӯзонанд. Бо рафтору кирдори хуб намунаи ибрат бошанд.
Мавҷуда ЮСУФОВА, омӯзгори МТМУ № 24
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2019    №: 15    Мутолиа карданд: 266

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед