logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
9. МОҲИҲОИ ИҶОРАНИШИН
Шумо дар бораи одамони иҷоранишин бисёр шунидаед, аммо ба моҳиҳои иҷоранишин чӣ мегӯед? Бале, ин моҳичаҳо 20 сантиметр дарозӣ доранд ва аз 1 то 4 – тоӣ дар меъдаи голотурий ном ҷонвари баҳрӣ ба сар мебаранд. Онҳо аз меъдаи голотурий дар вақти муайян баромада, харчангҳоро шикор мекунанд. Сер, ки шуданд, боз ба «хонаи зинда» - и худ бармегарданд. То ҳол маълум нашудааст, ки аз ин иҷоранишинҳо голотурий чӣ манфиат мебардорад. Вале, таҷрибаҳои олимон нишон дод, ки моҳичаҳо бо баробари ҷудо шудан аз «хонаи зинда» - ашон зуд мемиранд. Яъне ҳаёташон аз як ҷонвари дигари баҳрӣ вобаста аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ТОЛСТОЙ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Софя Андреевна (зани Л. Толстой) пеш аз ба нашриёт равон кардан тамоми  дастнависҳои шавҳарашро аз сари нав менавишт, зеро ягон муҳаррир ҳусни хати ӯро хонда наметавонист.
***
Романи бузургҳаҷми  «Ҷанг ва сулҳ» - ро дар 6 сол навишт ва боз 8 бор тозанавис кард. Қисматҳои алоҳидаро то 25 бор аз нав менавишт.
***
Забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, немисиро аъло медонист, бо забонҳои итолиёвӣ, лаҳистонӣ, сербӣ, чехӣ мехонд, забонҳои юнонӣ, славянии калисоӣ, лотинӣ, украинӣ, тоторӣ, яҳудии қадимӣ, туркӣ, ҳолландӣ ва булғориро меомӯхт.
***
Мероси эҷодии Толстой аз 65 ҳазор варақи дастнавис ва даҳ ҳазор нома иборат аст. Куллиёти ӯ дар 90 ҷилд нашр шудааст.
***
Соли 2010 шумораи авлоди Толстой дар ҷаҳон ба 350 нафар расид.
Таҳияи Қ. ДАВЛАТЁР


ГРАН – ПРИ
Гран – при (фаронсавӣ Grand Prix, «ҷоизаи бузург») – мукофоти асосиест, ки дар озмуну мусобиқаҳо тақдим мегардад.
Истилоҳи «Гран-при» бори аввал соли 1721 дар Фаронса пайдо шуд ва Академияи илмҳои ин кишвар як системаи ҷоизаҳои академиро ҷорӣ намуд, ки нақши муҳимро дар рушду равнақи математикаву дигар фанҳои дақиқ бозид. Ба варзиш ин истилоҳ соли 1805 дар пойгаи аспҳо ворид гардид.
Ин истилоҳ дар миёнаҳои асри XIX барои аломатҳои пойга, бавижа дар шаҳрҳои По ва Париж мунтазам истифода мешуд ва анъанаи мазкур аз соли 1863 то ҳанӯз қатъ нагардидааст.
Дар иртибот ба автомобилҳо ибораи «Гран-при» бори нахуст соли 1901 истифода шуд. Баъдан ибораи мазкур аз тарафи Клуби автомобилҳои Фаронса мавриди таъйид қарор гирифт ва соли 1906 дар пойгаи Ле-Мане истифода гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Мо ҳар лаҳза хандаҳои дигаронро харида, аз худро мефурӯшем. Хандаҳои гоҳе самимию гоҳе дурӯғин, гоҳе хушомадгӯёнаю гоҳе бепарда, гоҳе аз ҳад ифлосу гоҳе хеле тоза, гоҳе бо меҳру гоҳе бо дурӯягӣ… Ва танҳо хандаи муҳаббат аст, ки ҳанӯз на харида мешаваду ва на ҳам фурӯхта  – ҳарчанд аҳриман болои ин кор кардан дорад…
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

АВТОМОБИЛ ВА ВЕЛОСИПЕД
Бо воситаи пул дар як рӯз 40 автомобили сабукрав ва велосипед гузаштанд, ки адади чархҳои онҳо ба 100 баробар аст. Оё ҳисоб кардан мумкин аст, ки дар як рӯз чанд мошини сабукрав ва чанд велосипед аз пул гузаштааст?
Масъули рубрика Комрон САФАР
komron-safar95@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 93-320-00-15


ТОМАС МАНН
Нависандаи навқаламе як баста дастнависҳои худро назди Томас Манн оварда, хоҳиш мекунад, ки хонда, андешаҳояшро гӯяд.
- Шумо бояд бештар мутолиа кунед,- мегӯяд Манн вақте осори ӯро аз назар мегузаронад.
- Магар ин зарур аст?- бо каме тааҷҷуб мепурсад ҷавони навқалам.
- Албатта. Шумо чи қадаре ки зиёдтар хонед, барои навиштан вақт ҳамон қадар камтар мемонад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


АТРИ АРАБӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД?
Атриёти шарқӣ сол аз сол дар кишварҳои гуногуни дунё машҳуртар мегардад ва қалби нозуктаринҳои на танҳо Шарқ, ҳамчунин, Ғарбро тасхир мекунад. Сирри ин комёбӣ дар чист?
Асоси атри атторони аврупоӣ спирт аст, ки бо моддаҳои хушбӯй омехта месозанд. Спирт ба пӯсти инсон расида бухор мешавад, накҳат бошад, аз 2 то 6 соат боқӣ мемонад.
Атри арабӣ омехтаи равғанҳои муаттари табиист, ки аз рустаниҳо мегиранд. Он об, спирт ва дигар иловаҳои кимиёӣ надорад ва бухор намешавад, баръакс дар пӯст ҳазм мешавад. Аз ин ҳисоб накҳат камаш 10 соат ба машом мерасад. Яъне бӯи устувор хусусияти асосии фарқкунандаи атрҳои арабист.
Атри арабӣ пош дода намешавад, онро ба пӯст, мӯй ё либос бо қаламчаи хоссаи шишагӣ мемоланд. Ҳамчунин, басарфа аст, ба худ нисфи шишачаро холӣ кардан ҳоҷат нест, ҳамагӣ як қатра кофист.
Дигар хусусияти ҷолиби атриёти арабӣ — аксар накҳати шарқӣ баръакси аврупоӣ ба занонаю мардона тақсим намешаванд, онҳо ҳамабобанд.
Зарфи атри арабиро аз булӯри кӯҳӣ сохта, бо сангҳои табиӣ, чарм, чӯб ва нақшу нигор оро медиҳанд.
Аз русӣ тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


КӮДАКОНИ ШУҲРАТЁРУ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
“Шоми шанбе” дар бораи кӯдакони боистеъдоде, ки ҷаҳонро ба ҳайрат овардаанд, маълумот дода буд. Ин бор сухан аз кӯдакони шуҳратёру сарватманди олам меравад, ки бисёри онҳо ҳанӯз 16 сол надоранду дороиашон ба миллионҳо доллар мерасад.
Георг Александр Луис
Вориси сеюмини тахти Британияи Кабир шоҳзода Георг ҳамагӣ яксола буда, дороиаш 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Чӣ ҳам метавон гуфт? Чун кӯдаке, ки дар оилаи шоҳ ба дунё меояд, соҳиби як қатор имтиёз аст. Ҳатто, агар Георг роҳбари давлат ҳам нашавад, ҳар сол аз буҷети давлатӣ 400 миллион фунт стерлинг хоҳад гирифт. Зеро дар Британияи Кабир барои таъминоти оилаи шоҳ аз ҳисоби андоз ёрона (субсидия) ҷудо мегардад. Ва мутмаин бошед, ки  ин маблағ барои таъмини зиндагии бофароғати ӯ барои солиёни зиёд басанда хоҳад буд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Гармони нафасӣ дар ҷиғилдон
Эндрюи хурдакаки Ню-Кастлӣ (Англия) аз бобояш гармони нафасӣ туҳфа гирифт. Вақте ки писараки шашсола асбобаки мусиқиро навохтанӣ шуд, вай нохост ба гулуяш фурӯ рафт. Ба вақти рентген духтурон дақиқ намуданд, ки гармони ҳафтсантиметра дар ҷиғилдони бача баҳузур ҷой гирифтааст. Эндрю то даме, ки гармон бо роҳи табиӣ берун наомад, маҷбур дар беморхона бистарӣ шуд. Ҳамааш ба хубӣ гузашт. Баъди ин бобояш барои ӯ скрипка харид.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ЗАХИРАИ НАФТ ДАР ҶАҲОН
Тибқи маълумоти иктишофӣ, дар кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи нафт захираҳои он дар чунин ҳаҷм боқӣ мондааст (миллиард баррел).

Венесуэлла – 300,9,
Арабистони Саудӣ – 266,4,
Канада – 169,7,
Эрон – 158, 4,
Ироқ – 142,5,
Кувайт – 101,5,
Амороти Муттаҳидаи Араб - 97,8,
Россия – 80,
Либия – 48,
Нигерия - 37,1,
ИМА – 35,
Қазоқистон  - 30,
Чин - 25,6,
Қатар - 25,2,
Бразилия – 13,
Алҷазоир - 12,2.
Таҳияи Умар АЛӢ


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
ОЛГАИ МУҚАДДАС
Олга баъди пазируфтани дини насронӣ аввалин ҳокими Киев дар Руси Қадим ба шумор меравад. Ӯ дар соли 890 ба дунё омадааст. Ҳарчанд  аз авлоди ҳоким ба шумор мерафт, зани бениҳоят хоксор буд.
Шавҳараш Игорро қабилаи славянҳои қадим ногаҳон ба қатл расонданд. Писари ягонааш, ки бояд баъди марги падар ҳоким мешуд, ҳанӯз хеле хурдсол буд. Маҳз ба ин хотир, Олга ҳокими мутлақи Новгород, Псков ва Киев эълон гардид.
Аввалин коре, ки кард аз қабилаи славянҳо барои куштани шавҳараш қасос гирифтан буд. Ҷанговарони ӯ душманонро бераҳмона ба қатл расонда, мулкҳояшонро оташ заданд. Ҳатто баъди ба воя расидани писараш Святослав низ ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ медошт.
Олга ислоҳоти пулиро амалӣ карда, супурдани андозро ҷорӣ намуд. Замони ҳукмрониаш дар Руси Қадим соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба таври гӯшношунид пеш рафт.
Ӯ дар хотири мардум ҳамчун зани закиву ҳокими тавоно боқӣ мондааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


АСАБ АЗ ЧӢ БЕШТАР ХАРОБ МЕШАВАД?
Муҳаққиқон муайян карданд, ки дар ҷаҳони муосир чӣ чиз бештар одамонро азият медиҳад ва асабӣ мекунад.
Аз рӯйи пурсиши 2 ҳазор нафар дар ҷойи аввал фурӯшандагони «хира» меистанд, ки мизоҷони худро ба ҳар гуна восита, аз ҷумла тавассути телефони мобилӣ, ташвиш медиҳанд. Ба онҳо 65 дарсади пурсандагон нафрат доранд.
Боқимонда ба таври зерин тақсимбандӣ шудаанд: интизори пайвастшавӣ ба марказҳои муайяни хизматрасонӣ, тамбашавӣ дар роҳҳо, ишғол намудани якбора ду ҷой аз ҷониби мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, суст ҳаракат кардани одамони пеш аз шумо дар навбати маош, муштариёни дағал, дастшӯҳои пулакӣ ва зарурати риштарошӣ.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


ҚАЛЪАИ АЛБРЕХТСБУРГ
Дар 25 - километрии шимолу ғарби Дрезден, дар соҳили дарёи Элба, шаҳри қадимаи Мейсен, ки таърихи беш аз 1000 - сола дорад, доман густурда, дар он яке аз кӯшкҳои зебо ва боҳашамати Олмон – Албрехтсбург қомат афрохтааст.
Қалъа, тақрибан, байни солҳои 1470 – 1500 бо эҳтимоми волии Саксония Эрнест ва бародари хурдии ӯ Албрехти Диловар, таҳти роҳбарии  меъмори шинохта ва маъруфи вақт Арнолд фон Вестфален бунёд мегардад. Чуноне ки муаррихон менигоранд, Албрехтсбург аввалин қалъаи Олмон  мебошад, ки на ба хотири дифоъ аз ҳамлаи аҷнабиён, балки ҳамчун қароргоҳи дарбориён сохта мешавад.
Давраи нашъунамои қалъаи Албрехтсбург ба солҳои ҳукмронии шоҳ Августи Тавоно рост меояд. Ба шарофати кашфиёти олимони саршиноси замон  Эренфрид Валтер фон Чирнҳаузен ва Иоҳанн Фридрих Бёттгер, дар қалъа истеҳсоли фағфури сафед ба роҳ монда шуд, ки аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошт. Зеро то ин дам сирри сохтани «тиллои сафед»-ро танҳо хитоиҳо медонистанд ва ҷаҳониён онро бо нархи гарон мехариданд. Маҳз ба ҳамин хотир, Қалъаи Албрехтсбургро гаҳвораи фағфури Аврупо меноманд.  Ҳоло дар толорҳои пурнақшунигори кӯшк, дар баробари дигар нигораҳои гаронсанг,  намунаҳои нодири фағфур, ки маҳсули дасти ҳунармандони номии асри XVIII-и Мейсен мебошанд, маҳфузанд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


10 КИШВАРИ БОЙ
8. Амороти Муттаҳидаи Араб
Бисёриҳо дар бораи сарват, меъмории ҳайратангез, маконҳои шигифтовар, биноҳои ғайриодиву дилхушиҳои фараҳфизои  Амороти Муттаҳидаи Араб шунидаанд. Дубай ва Абу-Даби меҳмононро аз тамоми ҷаҳон қабул мекунанд.
Дар байни сокинони Аморот нуфуси муҳоҷирони муқимигашта зиёдтар аст (7,8  миллион нафар), нисбат ба сокинони таҳҷоӣ (1, 4 миллион нафар) ва ҳамаи 9,2  миллион аҳолӣ дар масоҳати  83 600 километри мураббаъ, ки ба ҳафт аморат ҷудо шудааст, ба сар мебарад. 
Акнун беш аз ҳарвақта сайёҳон ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар мекунанд, то ки бо манзараҳои беназир, биноҳо ва манзилҳо шинос шаванд.   
Шутурсавор саёҳат кардан, сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, метавон аз чорабиниҳои фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва намудҳои маҳаллии варзиш дидан кард.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
ХУМ. АҲОЛИАШ 27 НАФАР
Шаҳри Хум ба “Китоби рекордҳои Гиннес” ҳамчун шаҳри хурдтарин ворид шудааст.
Ин шаҳр - қалъа дар яке аз қуллаҳои теппаи Хорватия ҷойгир аст. Хум аз 13 бинои истиқоматӣ (дар ду кӯча) иборат аст, ки  дар 7 манзили он одамон зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар шаҳр калисои романӣ бунёд ёфтааст. Аҷиб аст, ки симои шаҳр дар муддати 1000  сол тағйир наёфтааст. Тибқи ривоятҳо, шаҳрро бузургҷуссаҳо (викинг) сохтаанд. Аз асри XI унвони шаҳрро дорад.
Хумро раис роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи шӯрои мардҳо интихоб мегардад. Инчунин, шаҳр табиб, милиса, суд, сӯхторхомӯшкун ва ҳатто сомонаи интернетии худро дорад.
Таҳияи Комрон САФАР


3,5 КИЛОГРАММ МӮЙ ДАР МЕЪДА ЧӢ КОР МЕКУНАД?
Оре, ҳамин қадар мӯй аз меъдаи духтараки 12 – сола аз шаҳри Актауи Қазоқистон гирифта шуд. Ҷарроҳ Султонбек Тумашев чунин мегӯяд: «Ин лӯндаи мӯй тамоми меъдаи духтаракро фаро гирифта буд. То ҳадде, ки барои хӯрок дигар ҷое ҳам намонд. Вақте ҷарроҳӣ кардем, меъдааш хеле калон шуда буд. Аз меъда лӯндаи мӯйро баровардем, ки вазнаш 3 килою 560 грамм буд».
Волидон мегӯянд, ки духтарашон муддати зиёд одати хӯрдани нӯги мӯйро дошт. Ҳарчанд кӯшиш карданд, духтарашонро аз ин одат раҳо карда натавонистанд. Оқибат духтарак камқувват ва лоғар гашта, шикамаш калон шудан гирифт. Вақте ӯро ташхис мекунанд, дар меъдааш лӯндаи мӯйро дармеёбанд. Маълум шуд, ки он  ба рӯдаи борик ҳам даромадааст.
Баъд аз ҷарроҳӣ ӯ худро хуб ҳис мекунад. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ аз асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.
«Коди да Винчи»

Нависанда, рӯзноманигор ва оҳангсози маъруфи амрикоӣ Дэн Браун ҳангоми таълифи ин асар, аллакай, ҳамчун шахси муваффақ дар доираи адабии замони хеш шинохта шуда буд.
Романи «Фариштаҳо ва девон» - и Браун, ки дар бораи Граали муқаддас иншо гардидааст, сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Бо гузашти даҳ сол асари нависанда шуҳрати хешро аз даст надода буд, ки романи нави ӯ бо номи «Инферно» пешкаши ҳаводорони адабиёт шуд. «Инферно» низ чун дигар асарҳои Дэн Браун ба зудӣ хонандаи хешро ёфта, дар рӯйхати беҳтаринҳо ҷой гирифт. Вале, китоби «Коди да Винчи» чун серхаридортарин китоб дар олам эътироф шуда, 80 миллион нусхаи он дастраси хонанда гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 807

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед