logo

маориф

ХУДШИНОСӢ. ХИШТИ АВВАЛРО РОСТ БИНИҲЕМ!

Ин тасаввуроти мукаммал на танҳо роҷеъ ба шуури инсон, балки умуман, барои инсон зарурат дорад. Зимнан, муаллим дар худинкишофёбии кӯдак ёрирасон мешавад ва ба ин, вазифаи ӯ, ҳама усулҳо ва кораш оид ба мушоҳидаи шогирд бо мақсади ошкорсозии сифатҳои фардӣ ва муайянкунии самти ҳаракати шахсиаш дар рафти таълим бояд мутобиқат кунад.
Маҳз чунин муносибатро педагогон асоси ташаккулёбии озодии ҳақиқӣ ва мустақилияти шогирд ва инсон меҳисобанд. Ҳама гуна каҷравӣ аз он ба каҷравӣ аз меъёр (дар тафаккур ва рафтор) меорад, ки онҳоро баъдан рафъ кардан зарур меояд. Бинобар ин, предмети пажӯҳиш дар педагогика ҳамчун илм бояд фаъолияти табиии озодонаи кӯдак бошад, ки он аз ибтидо фаъолияти бозигарии ӯст ва дар он ба таври табииву тавозунӣ  ҷанбаъҳои фаъолиятӣ, аломатӣ - зеҳнӣ ва шахсиятии инсонандозагӣ омезиш ёфтаанд. Ӯ дар ҳоли бозӣ кардан аст ва барояш танбеҳи сахт додан, носазо гуфтан, аз раванди бозӣ иҷборан ӯро ҷудо кардан, ба манфиати кор нест.
Педагоги маъруф К. Д. Ушинский аз ибтидо педагогикаро ҳамчун асли худи санъат бо илм муқобил мегузошт ва зидди тахассусияти маҳдуду танг дар таълим эътироз менамуд, ки ин маънои аз методологияи илмӣ ба идеалҳои ҷаҳонбинӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ марбут донистани педагогикаро дар назар дошт. Вазифаи маориф на маъмулан омода кардани мутахассис, балки ташаккули инсон дар мутобиқат бо идеалҳои қаблан муайяншуда бояд бошад, яъне хушбахт намудани инсон тавассути такмилдиҳии ӯ тибқи табиаташ сурат гирад.
Вале, комёбиҳои соҳаҳои физиология ва мантиқро ёдовар шуда, К. Д. Ушинский бевосита камбудиҳои донишҳои психологии барои педагогика матлубро низ нишон додааст. Ноомодагии психологии омӯзгорон ба он оварда мерасонад, ки онҳо дар шогирдон, умуман, дар наврасон, танҳо норасоии таассуфангезеро мебинанд, ки барои рафъи он ҳама воситаҳо ба кор меоянд, аз ҷумла зӯроварӣ дар таълим.
Барои он ки маориф вазифаҳои аслии худро иҷро кунад, бояд вай ба вазифаҳои фарҳанг дар ҷомеа тобеъ гардонда шавад, ки онҳо чунинанд: 1) ташкил ва таъмини алоқаю иртибот дар ҷамоатҳо, пеш аз ҳама, байнинаслӣ; 2) ҳифз ва инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва инсон, инчунин, тарзи ҳаёт ва технологияи фаъолият; 3) ташаккул додан ва мерос гирифтани низоми арзишҳои ҷомеаҳои гуногун; 4) таҳияи арзишҳо, меъёрҳо, намунаҳо барои таъмини ҳаёти инсон ва гуногуншаклии ҷомеаҳо. Педагогикае, ки дар пеши худ ин гуна ҳадафҳо мегузорад, аслан яке аз масъалаҳои муҳимтарини башарият - масъалаи худи инсон ва тарбияи наслҳои наврасро ҳал мекунад.
Лаёқати фаҳмидан, таҳлил кардан ва ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳо бо ёрии дигаргунсозӣ, такмилдиҳӣ ва инкишофи шуури шогирд аз ҷиҳати равонӣ, зеҳнӣ ва ахлоқӣ, пайдо мешаванд. Чунин нигоҳ ба худогоҳӣ маҷбур мекунад. Аз ин зарурияти васеъкунии фанни тарбия, интихоби равияи махсус дар назария ва амалияи маориф, ки онро «педагогикаи худогоҳӣ» номидан мумкин аст, пайдо мегардад.  Он бояд дар ташаккули «Ман - консепсия», ҳавасмандии худфаҳмӣ, худбаҳодиҳӣ, худшиносӣ, сохтани «чеҳра ё образи Ман» - и воқеӣ, лаёқати баҳодиҳии фаъолияти фикрронии худ, аз ҷумла мақсадгузорӣ, тарҳрезӣ, нақшакашӣ, рефлексия ба таъмини худинкишофдиҳии шогирд мадад расонад.
Назира АКРАМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 2595

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед