Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
«Известия». Чуноне сухангӯи Кремл Дмитрий Песков иттилоъ дод, мулоқоти навбатии сарони Россия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар Сочи 13 феврал доир мегардад.
Politico. Ветнам 27-28 феврал мизбони вохӯрии президенти ИМА Доналд Трамп ва сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин мешавад.
RT. Президенти Венесуэла Николас Мадуро ба ҳамтои руси худ Владимир Путин, ки зидди дахолати низомӣ ба вазъи сиёсии ин кишвар баромад кард, изҳори сипос намуд.
ТАСС. Сафири Россия дар Эрон Леван Ҷагарян изҳор дошт, ки Мос- ква ва Теҳрон минбаъд ҳисоббаробаркуниро на бо доллар, балки бо асъори миллӣ роҳандозӣ мекунанд.
The Economic Times. Ҳиндустон ва Россия ҷиҳати тезондани татбиқи лоиҳаи бунёди долони байналмилалии Шимол - Ҷануб созишнома ба тасвиб расонданд.
Reuters. Дар вилояти Тахори Афғонистон ҷангиёни мусаллаҳ ба идораи радиои «Ҳамсадо» ҳамла намуда, ду журналистро парронданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 85