Хабарҳо
РОҒУН. Шаҳр ҳусни дигар мегирад
Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 110 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 17 дарсад зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода баён намуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра корҳои ободонӣ вусъат ёфта, аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи шаҳр майдонча ва маҷмааҳои варзиш, ҳаммом, сартарошхона, мағозаҳои фурӯш ва гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ошхонаҳои милливу маҷмааи «Роғун» сохта ба истифода дода шуд.
- Аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳр 88 ҳолати қонунвайронкунии истифодаи замин ошкор гардид ва нисбати 83 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд, - гуфт Музаффар Сулаймонзода.
Шаҳбоз АБРОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 140